https://sputnik.tj/20260227/mintaqai-ozodi-iqtisodii-kulob-markazi-logistiki-tasis-1075586408.html
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоыикистон таъсиси марказҳои логистикӣ дар кишварро амри муҳим ва талаби замон арзёбӣ кардаааст
2026-02-27T09:36+0500
2026-02-27T09:36+0500
2026-02-27T09:36+0500
дар тоҷикистон
логистика
нақлиёт
кӯлоб
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1a/1075587579_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_5e34b294d00d36565bf1ba27ecfe2438.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев – Sputnik. Лоиҳаи "Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таъсиси Маркази логистикӣ" дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндаи ширкати "Samil PwC"- и Ҷумҳурии Корея, дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.Дар ин бора вазорати нацлиёти кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи таъсиси Маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" яке аз лоиҳаҳои муҳим буда, метавонад ба рушди низом ва иқтидори логистикии Тоҷикистон мусоидат кунад.Намояндаи ширкати "Samil PwC" қайд кард, ки ваъзи ҷуғрофии лоиҳа, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалии "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма" ҷойгир аст, имкон медиҳад, ки маркази логистикии мазкур ҳамчун маркази логистикии минтақавӣ хизмат намуда, ба он тавассути долони мултимодалии "Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия ва кишварҳои Аврупо" молу маҳсулот интиқол дода шавад.Қайд карда шудааст, кти сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва оҳан, нақбҳо, пулҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои ба кишвари ҷолиби трантизитии минтақа табдил додани Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.Вазорат таъкид кардааст, ки лоиҳакашӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ дар Тоыикистон амри муҳим ва талаби замон арзёбӣ карда мешавад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/42120
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1a/1075587579_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_1ccb417a2d6b5c44aa50d3e267c413a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, логистика, нақлиёт, кӯлоб, иқтисод
дар тоҷикистон, логистика, нақлиёт, кӯлоб, иқтисод
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Мақомоти Тоыикистон таъсиси марказҳои логистикӣ дар кишварро амри муҳим ва талаби замон арзёбӣ кардаааст
ДУШАНБЕ, 27 фев – Sputnik. Лоиҳаи "Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таъсиси Маркази логистикӣ" дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндаи ширкати "Samil PwC"- и Ҷумҳурии Корея, дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
Дар ин бора вазорати нацлиёти кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи таъсиси Маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" яке аз лоиҳаҳои муҳим буда, метавонад ба рушди низом ва иқтидори логистикии Тоҷикистон мусоидат кунад.
Намояндаи ширкати "Samil PwC" қайд кард, ки ваъзи ҷуғрофии лоиҳа, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалии "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма" ҷойгир аст, имкон медиҳад, ки маркази логистикии мазкур ҳамчун маркази логистикии минтақавӣ хизмат намуда, ба он тавассути долони мултимодалии "Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия ва кишварҳои Аврупо" молу маҳсулот интиқол дода шавад.
Қайд карда шудааст, кти сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва оҳан, нақбҳо, пулҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои ба кишвари ҷолиби трантизитии минтақа табдил додани Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
"Бидуни марказҳои логистикии муосир ва дар маҷмуъ инфрасохтори логистикии зарурӣ ин кор душвор аст", - зикр кардааст вазорат.
Вазорат таъкид кардааст, ки лоиҳакашӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ дар Тоыикистон амри муҳим ва талаби замон арзёбӣ карда мешавад.