https://sputnik.tj/20260226/tojikiston-viloyati-sverdlovski-rusiya-hamkori-taqviyat-1075577626.html
Тоҷикистон бо вилояти Свердловски Русия ҳамкориҳояшро тақвият медиҳад
Тоҷикистон бо вилояти Свердловски Русия ҳамкориҳояшро тақвият медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Тавре волии вилояти Свердловски Русия гуфт гардиши мол байни вилоят ва Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст ва ҷонибҳо омодаанд дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ кунанд
2026-02-26T15:19+0500
2026-02-26T15:19+0500
2026-02-26T18:25+0500
дар тоҷикистон
свердловск
сафир
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1a/1075589817_0:95:1280:816_1920x0_80_0_0_2128a7dfaee40bbd50935349b0a8fd18.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Волии вилояти Свердловск Денис Паслер дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои калидӣ аз ҷумла саноат, иқтисод, фарҳанг ва маорифро баррасӣ кард.Дар ин бора ҳукумати вилояти Свердловск хабар додааст.Оқои Паслер дар ин дидор аз хусусияти ҳамкориҳои шарикии стратегӣ байни Свердловск ва Тоҷикистон таъкид намуда, аз раванди мусбати гардиши мол ва хусусияти созандаи муносибатҳо таъкид кард."Вилояти Свердловск бо Тоҷикистон муносибатҳои созанда барқарор кардааст. Шарикии иқтисодӣ дар самти дуруст рушд мекунад ва гардиши мол афзоиш меёбад. Мо ҳамеша аз истиқболи шумо хурсандем", - изҳор дошт волии вилояти Свердловск.Дар рафти музокирот қайд карда шуд, ки Тоҷикистон яке аз шарикони калидии вилояти Свердловск аст. Самтҳои асосии ҳамкорӣ энергетика, мошинсозӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои саноат ва тандурустӣ дар донишгоҳҳои Уралро дар бар мегиранд. Қисми назарраси содироти вилоят ба Тоҷикистон аз маҳсулоти ғизоӣ, чӯбу тахта, кимиё, металлургия ва мошинсозӣ иборат аст.Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ин дидор гуфт Тоҷикистон омодааст ба ин минтақаи Русия ҳамкориҳояшро амиқтар кунад ва ба татбиқи созишномаҳои мавҷуда таъкид кард."Дар ҷараёни сафар, мо инчунин мехоҳем пешрафти созишномаҳои мавҷударо, аз ҷумла дар сатҳи байниминтақавӣ, муҳокима кунем. Кишварҳои мо беш аз 300 созишномаҳои байниҳукуматӣ, байниидоравӣ ва байниминтақавӣ ба имзо расонидаанд. Мо барои корҳои муштараки минбаъда омодаем", - қайд кард сафир.Ҷонибҳо инчунин дар бораи пояи мустаҳками муносибатҳои дуҷониба таъкид карданд.Маориф низ омили калидии рушди робитаҳо мебошад: айни замон беш аз 800 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Екатеринбург таҳсил мекунанд.БА гуфтаи тарафҳо парвозҳои мустақим, ки пойтахти Уралро бо Душанбе ва Хуҷанд мепайванданд, инчунин ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунанд.
https://sputnik.tj/20260226/viloyati-penza-tojikiston-sozishnoma-hamkori-imzo-1075552356.html
свердловск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1a/1075589817_141:0:1280:854_1920x0_80_0_0_f17074f8a1c924e180c4f8c531baa19b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, свердловск, сафир, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, тиҷорат
дар тоҷикистон, свердловск, сафир, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, тиҷорат
Тоҷикистон бо вилояти Свердловски Русия ҳамкориҳояшро тақвият медиҳад
15:19 26.02.2026 (Навсозишуда: 18:25 26.02.2026) Тавре волии вилояти Свердловски Русия гуфт гардиши мол байни вилоят ва Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст ва ҷонибҳо омодаанд дар соҳаҳои гуногун ҳамкорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Волии вилояти Свердловск Денис Паслер дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои калидӣ аз ҷумла саноат, иқтисод, фарҳанг ва маорифро баррасӣ кард.
Дар ин бора ҳукумати вилояти Свердловск хабар додааст.
Оқои Паслер дар ин дидор аз хусусияти ҳамкориҳои шарикии стратегӣ байни Свердловск ва Тоҷикистон таъкид намуда, аз раванди мусбати гардиши мол ва хусусияти созандаи муносибатҳо таъкид кард.
"Вилояти Свердловск бо Тоҷикистон муносибатҳои созанда барқарор кардааст. Шарикии иқтисодӣ дар самти дуруст рушд мекунад ва гардиши мол афзоиш меёбад. Мо ҳамеша аз истиқболи шумо хурсандем", - изҳор дошт волии вилояти Свердловск.
Дар рафти музокирот қайд карда шуд, ки Тоҷикистон яке аз шарикони калидии вилояти Свердловск аст. Самтҳои асосии ҳамкорӣ энергетика, мошинсозӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои саноат ва тандурустӣ дар донишгоҳҳои Уралро дар бар мегиранд. Қисми назарраси содироти вилоят ба Тоҷикистон аз маҳсулоти ғизоӣ, чӯбу тахта, кимиё, металлургия ва мошинсозӣ иборат аст.
Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ин дидор гуфт Тоҷикистон омодааст ба ин минтақаи Русия ҳамкориҳояшро амиқтар кунад ва ба татбиқи созишномаҳои мавҷуда таъкид кард.
"Дар ҷараёни сафар, мо инчунин мехоҳем пешрафти созишномаҳои мавҷударо, аз ҷумла дар сатҳи байниминтақавӣ, муҳокима кунем. Кишварҳои мо беш аз 300 созишномаҳои байниҳукуматӣ, байниидоравӣ ва байниминтақавӣ ба имзо расонидаанд. Мо барои корҳои муштараки минбаъда омодаем", - қайд кард сафир.
Ҷонибҳо инчунин дар бораи пояи мустаҳками муносибатҳои дуҷониба таъкид карданд.
Маориф низ омили калидии рушди робитаҳо мебошад: айни замон беш аз 800 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Екатеринбург таҳсил мекунанд.
БА гуфтаи тарафҳо парвозҳои мустақим, ки пойтахти Уралро бо Душанбе ва Хуҷанд мепайванданд, инчунин ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ мусоидат мекунанд.