https://sputnik.tj/20260226/tojikiston-kharidi-benzin-qazoqiston-afzoish-1075578725.html
Тоҷикистон хариди бензинро аз Қазоқистон ба маротиб афзоиш додааст
Тоҷикистон хариди бензинро аз Қазоқистон ба маротиб афзоиш додааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Қазоқистон гуфт, ки харидорони аслиии бензин ва сузишвории дизелии ин кишвар дар соли 2025 Тоҷикистон, Узбекистон ва Афғонистон будаанд
2026-02-26T17:19+0500
2026-02-26T17:19+0500
2026-02-26T17:19+0500
дар тоҷикистон
сӯзишворӣ
харидорӣ
бензин
энергетика
воридот
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/71/1014447141_0:107:3086:1843_1920x0_80_0_0_acb7c2346befb6144a8c119bf75f61af.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Қазоқистон содироти бензинро ба кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас афзоиш додааст, иттилоъ додааст вазорати молияи ин кишвар.Ба иттилои мақомоти ин кишвар то охири соли 2025 ин кишвар ба хориҷ 214,8 ҳазор тонна ё ба маблағи 139,4 миллион доллар сӯзишворӣ содир кардааст.Қайд карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2024, содирот 5,7 маротиба афзоиш ёфтааст.Харидори аслии сӯзишвории Қазоқистон кишвари ҳамсоя Узбекистон будааст, ки дар ин давра 119,6 ҳазор тонна маводи сӯхт харидааст. Ин кишвар хариди сӯхтро 5,5 маротиба афзоиш додааст.Қирғизистон бо 57,5 ҳазор тонна дар ҷойи дуввум қарор гирифтааст.Бензин инчунин ба Афғонистон бо 21,5 ҳазор тонна (43,4 маротиба афзоиш) ва ба Тоҷикистон бо 16,1 ҳазор тонна (14,2 маротиба афзоиш) фурӯхта шудааст.Ба иттилои мақомоти Қазоқистон содироти сӯзишвории дизелӣ дар сатҳи соли 2024 боқӣ монд.Дар тӯли сол, 60,3 ҳазор тонна (0,08%) ба хориҷа фурӯхта шуд, ки арзиши он 31,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Бештар аз ҳама сӯзишвории дизелии Қазоқистонро кишварҳои Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон с хариданд.
https://sputnik.tj/20250617/narkhi-suzishvori-tojikiston-chand-ast-1068208258.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101444/71/1014447141_120:0:2851:2048_1920x0_80_0_0_b1806280eac876e72536e504bc215a35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сӯзишворӣ, харидорӣ, бензин, энергетика, воридот, қазоқистон
дар тоҷикистон, сӯзишворӣ, харидорӣ, бензин, энергетика, воридот, қазоқистон
Тоҷикистон хариди бензинро аз Қазоқистон ба маротиб афзоиш додааст
Мақомоти Қазоқистон гуфт, ки харидорони аслиии бензин ва сузишвории дизелии ин кишвар дар соли 2025 Тоҷикистон, Узбекистон ва Афғонистон будаанд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Қазоқистон содироти бензинро ба кишварҳои ҳамсоя ба таври назаррас афзоиш додааст, иттилоъ додааст вазорати молияи ин кишвар.
Ба иттилои мақомоти ин кишвар то охири соли 2025 ин кишвар ба хориҷ 214,8 ҳазор тонна ё ба маблағи 139,4 миллион доллар сӯзишворӣ содир кардааст.
Қайд карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2024, содирот 5,7 маротиба афзоиш ёфтааст.
Харидори аслии сӯзишвории Қазоқистон кишвари ҳамсоя Узбекистон будааст, ки дар ин давра 119,6 ҳазор тонна маводи сӯхт харидааст. Ин кишвар хариди сӯхтро 5,5 маротиба афзоиш додааст.
Қирғизистон бо 57,5 ҳазор тонна дар ҷойи дуввум қарор гирифтааст.
Бензин инчунин ба Афғонистон бо 21,5 ҳазор тонна (43,4 маротиба афзоиш) ва ба Тоҷикистон бо 16,1 ҳазор тонна (14,2 маротиба афзоиш) фурӯхта шудааст.
Ба иттилои мақомоти Қазоқистон содироти сӯзишвории дизелӣ дар сатҳи соли 2024 боқӣ монд.
Дар тӯли сол, 60,3 ҳазор тонна (0,08%) ба хориҷа фурӯхта шуд, ки арзиши он 31,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Бештар аз ҳама сӯзишвории дизелии Қазоқистонро кишварҳои Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон с хариданд.