https://sputnik.tj/20260225/putin-imkoni-kharobkoriho-lulahoi-gaz-1075540194.html
Путин аз имкони харобкориҳо дар лӯлаҳои гази “маҷрои Туркия” ва “обиро”-ро хабар дод
Путин аз имкони харобкориҳо дар лӯлаҳои гази “маҷрои Туркия” ва “обиро”-ро хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия маълумотро аз омодагии харобкориҳо дар лӯлаҳои газ “маҷрои Туркия” ва “обӣ” эълон кард
2026-02-25T13:42+0500
2026-02-25T13:42+0500
2026-02-25T13:42+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
лӯлаи газ
тахриб
инфиҷор
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/18/1075532329_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_fcf6297e7d4fc147e5af9c2237f5e9ad.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки дар бораи омодагӣ барои бомбгузорӣ дар лӯлаҳои гази "маҷрои Туркия" ва "Маҷрои обӣ" маълумот мавҷуд аст."Ҳоло маълумоти амалиётии худи мо нашр мешавад. Имрӯз бояд дар ВАО бошад, эҳтимол аллакай нашр шудааст, ман имкони дидани чизе надоштам, аммо мо дар бораи эҳтимолияти таркиши лӯлаҳои гази мо дар қаъри Баҳри Сиёҳ маълумот дорем. Инҳо "Маҷрои Туркия" ва "Маҷрои обӣ" мебошанд", - гуфт раҳбари Русия ахиран зимни ҷаласаи ҳайати Шӯрои Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ)."Маҷрои обӣ" барои интиқоли гази табиии Русия ба Туркия тавассути Баҳри Сиёҳ ва убур аз кишварҳои сеюм пешбинӣ шудааст."Маҷрои Туркия" як лӯлаи гази содиротӣ аз Русия ба Туркия тавассути Баҳри Сиёҳ аст.Аввалин аз ду хатти лӯла барои интиқоли газ ба истеъмолкунандагони Туркия пешбинӣ шудааст, дар ҳоле ки дуввумӣ гази табиӣро ба кишварҳои Аврупои Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ интиқол медиҳад.Ёдовар мешавем, ки 27 сентябри соли 2022 дар лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ” (Nord Stream) таркиш рӯх дод. Таркиши пурқуввати зериобӣ қубури асосиро валангор сохт.То кунун танҳо Олмон тавонист номи чанд муштариён ва омилони ҳамлаи террористиро, ки шаҳрвандони Украина ҳастанд ифшо кунад.Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, имкони даст доштани "фаъолони" украинӣ дар ҳамлаи террористӣ ба “Маҷрои шимолӣ”-ро сафсатаи пурра номид.Вай қайд кард, ки чунин таркишро танҳо мутахассисоне, ки аз ҷониби давлат дастгирӣ мешаванд ва дорои технологияҳои муайян мебошанд, анҷом дода метавонанд.Дар навбати худ муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев ИМА-ро баҳрабардори аслии ҳодиса номид.Сеймур Ҳерш бори аввал маълумотро нашр кард, ки тибқи он Иёлоти Муттаҳида бо кӯмаки муттаҳидони НАТО дар қубурҳои газ диверсия анҷом додааст: тобистон, дар ҷараёни тамрини Baltops ғаввосони амрикоӣ лӯлаҳоро минагузорӣ кардаандва баъд аз 3 моҳ норвегияҳо маводи таркандаро ба кор дароварданд.
https://sputnik.tj/20260224/korshinos-khatari-vazi-energetiki-ukraina-hushdor-1075532910.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/18/1075532329_129:0:2858:2047_1920x0_80_0_0_f0011335ab602db10ed43694ed926aeb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, лӯлаи газ, тахриб, инфиҷор, энергетика
украина, амалиёти вижа, лӯлаи газ, тахриб, инфиҷор, энергетика
Путин аз имкони харобкориҳо дар лӯлаҳои гази “маҷрои Туркия” ва “обиро”-ро хабар дод
Раисҷумҳури Русия маълумотро аз омодагии харобкориҳо дар лӯлаҳои газ “маҷрои Туркия” ва “обӣ” эълон кард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки дар бораи омодагӣ барои бомбгузорӣ дар лӯлаҳои гази "маҷрои Туркия" ва "Маҷрои обӣ" маълумот мавҷуд аст.
"Ҳоло маълумоти амалиётии худи мо нашр мешавад. Имрӯз бояд дар ВАО бошад, эҳтимол аллакай нашр шудааст, ман имкони дидани чизе надоштам, аммо мо дар бораи эҳтимолияти таркиши лӯлаҳои гази мо дар қаъри Баҳри Сиёҳ маълумот дорем. Инҳо "Маҷрои Туркия" ва "Маҷрои обӣ" мебошанд", - гуфт раҳбари Русия ахиран зимни ҷаласаи ҳайати Шӯрои Хадамоти амнияти федералии Русия (ФСБ).
"Маҷрои обӣ" барои интиқоли гази табиии Русия ба Туркия тавассути Баҳри Сиёҳ ва убур аз кишварҳои сеюм пешбинӣ шудааст.
"Маҷрои Туркия" як лӯлаи гази содиротӣ аз Русия ба Туркия тавассути Баҳри Сиёҳ аст.
Аввалин аз ду хатти лӯла барои интиқоли газ ба истеъмолкунандагони Туркия пешбинӣ шудааст, дар ҳоле ки дуввумӣ гази табиӣро ба кишварҳои Аврупои Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ интиқол медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки 27 сентябри соли 2022 дар лӯлаи гази “Маҷрои шимолӣ” (Nord Stream) таркиш рӯх дод. Таркиши пурқуввати зериобӣ қубури асосиро валангор сохт.
То кунун танҳо Олмон тавонист номи чанд муштариён ва омилони ҳамлаи террористиро, ки шаҳрвандони Украина ҳастанд ифшо кунад.
Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, имкони даст доштани "фаъолони" украинӣ дар ҳамлаи террористӣ ба “Маҷрои шимолӣ”-ро сафсатаи пурра номид.
Вай қайд кард, ки чунин таркишро танҳо мутахассисоне, ки аз ҷониби давлат дастгирӣ мешаванд ва дорои технологияҳои муайян мебошанд, анҷом дода метавонанд.
Дар навбати худ муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев ИМА-ро баҳрабардори аслии ҳодиса номид.
Сеймур Ҳерш бори аввал маълумотро нашр кард, ки тибқи он Иёлоти Муттаҳида бо кӯмаки муттаҳидони НАТО дар қубурҳои газ диверсия анҷом додааст: тобистон, дар ҷараёни тамрини Baltops ғаввосони амрикоӣ лӯлаҳоро минагузорӣ кардаандва баъд аз 3 моҳ норвегияҳо маводи таркандаро ба кор дароварданд.