Боевое слаживание военнослужащих 123-й мотострелковой бригады группировки Юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков ҳадафи асосии амалиёти вижаи низомиро гуфт

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков во время специальной программы "Итоги года" с Владимиром Путиным в Москве.
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков во время специальной программы Итоги года с Владимиром Путиным в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2026
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия амнияти одамони дар хатар бударо ҳадафи асосии амалиёти вижаи низомӣ дар Украина номид
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки ҳадафи асосии амалиёти вижаи низомӣ барои таъмини амнияти одамоне оғоз шуд, ки дар хатари марг қарор доштанд.
"Ҳадафи асосӣ таъмини амнияти одамоне аст, ки... дар ҳақиқат дар хатари марг қарор доштанд. Ин муҳимтарин чиз аст", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Котиби матбуотии президенти Русия қайд кард, ки вай онҳоеро дар назар дорад, ки дар шарқи Украина зиндагӣ мекунанд.
Оқои Песков гуфт, ки Русия аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои ҳалли осоиштаи низоъ дар Украина талош мекунад, аммо пас аз дахолати Бритониё вазъ ба самти низомӣ баргашт.
Хабарнигорон аз Песков пурсиданд, ки оё умеде барои ҳалли сиёсӣ ва дипломатӣ барои хотима додан ба низоъ дар Украина вуҷуд дорад.
"Аз ибтидо талошҳо барои ҳалли осоиштаи ин масъала анҷом дода шуданд. Созишнома таҳия карда шуд. Сипас, пас аз дахолати Бритониё дар ин раванди сулҳ, вазъ ба самти низомӣ баргашт", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Монумент Родина-мать в Киеве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия: Омодагии Бритониё ва Фаронса барои интиқоли силоҳи ҳастаӣ ба Украина
Дмитрий Песков, илова кард, ки мавқеи Русия дар мавриди вазъияти Украина равшан ва устувор аст; ҳоло ҳама чиз аз амалҳои режими Киев вобаста аст.
"Мавқеи мо хеле равшан аст. Он устувор аст. Ҳоло ҳама чиз аз амалҳои режими Киев вобаста аст", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ӯ қайд кард, ки амалиёти вижас як чораи зарурӣ буд, зеро Русия " барои ҳалли он интихоби дигаре надошт. Хатарҳои амниятии ба вуҷуд омада ба дараҷае буданд, ки вокуниш бо дигар роҳҳо ғайриимкон буд".
Лентаи хабарҳо
0