https://sputnik.tj/20260224/khabirov-tojikiston-rusiya-sharikoni-nazdiktarin-1075526791.html
Хабиров: Тоҷикистон аз қадим барои Русия яке аз шарикони наздиктарин буд
Хабиров: Тоҷикистон аз қадим барои Русия яке аз шарикони наздиктарин буд
Sputnik Тоҷикистон
Вилояти Бошқирдистони Русия нақша дорад, барои тақвияти ҳамкории тиҷоратӣ дар Душанбе дафтари тиҷоратӣ боз намояд
2026-02-24T16:21+0500
2026-02-24T16:21+0500
2026-02-24T16:21+0500
дар тоҷикистон
бошқирдистон
тиҷорат
сармоя
шарики асосӣ
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/07/1071810845_0:0:3025:1702_1920x0_80_0_0_69ed95be164f1a94b9aae709316ddff1.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раҳбари Бошқирдистон Радий Хабиров бо ҳайати Тоҷикистон ба роҳбарии сафири ва консули генералии кишвар дар Русия Фаридун Шараф, ки ба наздикӣ дар минтақаи Уфа таъйин шудааст дидору гуфтугӯ кардааст.Раиси Бошқирдистон дар ин дидор қайд кард, ки Тоҷикистон аз қадим барои Русия яке аз шарикони наздиктарин буд.Вай таъкид кард, яке аз лоиҳаҳои калидӣ парки муштараки саноатӣ дар Душанбе аст.Бошқирдистон ба Тоҷикистон нуриҳо, биопрепаратҳо ва маҳсулоти коркардшударо интиқол медиҳад.Дар навбати худ, ҷумҳурӣ ба воридоти меваю сабзавоти тару тоза аз Тоҷикистон манфиатдор аст.Раҳбари Бошқирдистон таъкид кардааст, ки ин минтақаи Русия нақша дорад, барои тақвияти ин шарикӣ дар Душанбе дафтари тиҷоратӣ кушояд."Ҳамкорӣ дар соҳаи башардӯстона аҳамияти калон дорад. Донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои мо таҳсил мекунанд. Бисёре аз намояндагони ин кишвар низ дар Бошқирдистон кор мекунанд. Ҳадафи муштараки мо фароҳам овардани шароит барои ин аст", - гуфт оқои Хабиров.
https://sputnik.tj/20251111/totoriston-boshqirdistoni-rusiya-sayyohon-tojikiston-1072842241.html
бошқирдистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/07/1071810845_294:0:3025:2048_1920x0_80_0_0_159f74428bd5384832f4a825f2181062.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бошқирдистон, тиҷорат, сармоя, шарики асосӣ, ҳамкорӣ, равобит
дар тоҷикистон, бошқирдистон, тиҷорат, сармоя, шарики асосӣ, ҳамкорӣ, равобит
Хабиров: Тоҷикистон аз қадим барои Русия яке аз шарикони наздиктарин буд
Вилояти Бошқирдистони Русия нақша дорад, барои тақвияти ҳамкории тиҷоратӣ дар Душанбе дафтари тиҷоратӣ боз намояд
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Раҳбари Бошқирдистон Радий Хабиров бо ҳайати Тоҷикистон ба роҳбарии сафири ва консули генералии кишвар дар Русия Фаридун Шараф, ки ба наздикӣ дар минтақаи Уфа таъйин шудааст дидору гуфтугӯ кардааст.
Раиси Бошқирдистон дар ин дидор қайд кард, ки Тоҷикистон аз қадим барои Русия яке аз шарикони наздиктарин буд.
"Мо ба ҳамкории фаъол дар ҳама соҳаҳо содиқем. Мо аллакай ба созиш расидем, ки як гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шавад ва харитаи роҳ барои ҳамкорӣ тасдиқ карда шавад", - гуфт Радий Хабиров
Вай таъкид кард, яке аз лоиҳаҳои калидӣ парки муштараки саноатӣ дар Душанбе аст.
"Мо ҳаҷми тиҷорати мутақобиларо афзоиш медиҳем. Мо дар соҳаи кишоварзӣ дурнамои бузургеро мебинем", - қайд кард ӯ.
Бошқирдистон ба Тоҷикистон нуриҳо, биопрепаратҳо ва маҳсулоти коркардшударо интиқол медиҳад.
Дар навбати худ, ҷумҳурӣ ба воридоти меваю сабзавоти тару тоза аз Тоҷикистон манфиатдор аст.
Раҳбари Бошқирдистон таъкид кардааст, ки ин минтақаи Русия нақша дорад, барои тақвияти ин шарикӣ дар Душанбе дафтари тиҷоратӣ кушояд.
"Ҳамкорӣ дар соҳаи башардӯстона аҳамияти калон дорад. Донишҷӯёни Тоҷикистон дар донишгоҳҳои мо таҳсил мекунанд. Бисёре аз намояндагони ин кишвар низ дар Бошқирдистон кор мекунанд. Ҳадафи муштараки мо фароҳам овардани шароит барои ин аст", - гуфт оқои Хабиров.