https://sputnik.tj/20260224/afsari-nizomi-amaliyoti-vizha-ukraina-1075527980.html
"Вақт нест": Афсари низомӣ гуфт, амалиёти вижа барои Украина чӣ гуна ба охир мерасад
"Вақт нест": Афсари низомӣ гуфт, амалиёти вижа барои Украина чӣ гуна ба охир мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Полковники мустаъфии мегӯяд, ки Вақти Украина барои баромадан аз низоъ бо Русия тамом мешавад
2026-02-24T19:21+0500
2026-02-24T19:21+0500
2026-02-24T19:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
амалиёти вижа
низоъ
киев
ғарб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/09/1075128492_0:145:3070:1872_1920x0_80_0_0_692dde534be1584a9d4616b025752881.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Украина, ҳамроҳ бо муттаҳидони ғарбии худ, бо давом додани низоъ бо Русия, ки ҳамарӯза боиси бад шудани вазъият дар майдони ҷанг барои Киев мешавад, хатои стратегӣ мекунад, гуфт полковники мустаъфии Ситоди генералии артиши Швейтсария ва таҳлилгари масоили низомӣ Жак Бо дар шабакаи YouTube Dialogue Works."Ҳақиқате, ки имрӯз мо мебинем, дар он аст, ки вақт барои Украина тамом мешавад. Дар Ғарб эътиқоди умумӣ дорем, ки ҳар қадар ин низоъ тӯл кашад, ҳамон қадар Русия заифтар мешавад ва эҳтимолияти сар задани нооромиҳо дар он ҷо зиёдтар мегардад. Ин як фаҳмиши хатост. Дар асл, ҳар қадар вақт бештар гузарад, ҳамон қадар барои Украина бадтар аст", - гуфт афсари собиқи низомӣ.Ба қавли ӯ, захираҳои маҳдуди режими Киев ва такяи кӯр-кӯрона ба дастгирии ноустувори шарикони ғарбии худ натиҷаи нохушеро барои Украина ба бор овард."Хулоса ин аст, ки Киев нисбат ба Маскав хеле бештар аз даст медиҳад. Ин чизест, ки мо имрӯз бо итминон гуфта метавонем. Дар ниҳоят, ин ҳама ба фоидаи Русия хоҳад буд", - хулоса кард Бо.Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, дар тӯли 24 соати охир нерӯҳои Русия воҳидҳои украиниро дар чанд минтақа мағлуб карда, хатҳо ва мавқеъҳои муфидтарро ишғол карданд, мавқеи тактикии худро беҳтар карданд ва ба пешравии амиқ ба умқи мудофиаи душман идома доданд. Талафоти Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина 1355 ҳарбиён ташкил дод.
https://sputnik.tj/20260224/rusiya-omodagii-britoniyo-va-faronsa-baroi-intiqoli-silohi-hastai-ba-ukraina-1075525803.html
русия
украина
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/09/1075128492_339:0:3070:2048_1920x0_80_0_0_e207bf969dc984043fd516c138529a4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, амалиёти вижа, низоъ, киев, ғарб
русия, украина, амалиёти вижа, низоъ, киев, ғарб
"Вақт нест": Афсари низомӣ гуфт, амалиёти вижа барои Украина чӣ гуна ба охир мерасад
Полковники мустаъфии мегӯяд, ки Вақти Украина барои баромадан аз низоъ бо Русия тамом мешавад
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Украина, ҳамроҳ бо муттаҳидони ғарбии худ, бо давом додани низоъ бо Русия, ки ҳамарӯза боиси бад шудани вазъият дар майдони ҷанг барои Киев мешавад, хатои стратегӣ мекунад, гуфт полковники мустаъфии Ситоди генералии артиши Швейтсария ва таҳлилгари масоили низомӣ Жак Бо дар шабакаи YouTube Dialogue Works.
"Ҳақиқате, ки имрӯз мо мебинем, дар он аст, ки вақт барои Украина тамом мешавад. Дар Ғарб эътиқоди умумӣ дорем, ки ҳар қадар ин низоъ тӯл кашад, ҳамон қадар Русия заифтар мешавад ва эҳтимолияти сар задани нооромиҳо дар он ҷо зиёдтар мегардад. Ин як фаҳмиши хатост. Дар асл, ҳар қадар вақт бештар гузарад, ҳамон қадар барои Украина бадтар аст", - гуфт афсари собиқи низомӣ.
Ба қавли ӯ, захираҳои маҳдуди режими Киев ва такяи кӯр-кӯрона ба дастгирии ноустувори шарикони ғарбии худ натиҷаи нохушеро барои Украина ба бор овард.
"Хулоса ин аст, ки Киев нисбат ба Маскав хеле бештар аз даст медиҳад. Ин чизест, ки мо имрӯз бо итминон гуфта метавонем. Дар ниҳоят, ин ҳама ба фоидаи Русия хоҳад буд", - хулоса кард Бо.
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, дар тӯли 24 соати охир нерӯҳои Русия воҳидҳои украиниро дар чанд минтақа мағлуб карда, хатҳо ва мавқеъҳои муфидтарро ишғол карданд, мавқеи тактикии худро беҳтар карданд ва ба пешравии амиқ ба умқи мудофиаи душман идома доданд. Талафоти Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина 1355 ҳарбиён ташкил дод.