https://sputnik.tj/20260223/tojikiston-dahgona-makon-istirohat-rusho-1075498454.html
Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин макони истироҳатӣ барои русҳо қарор гирифт
Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин макони истироҳатӣ барои русҳо қарор гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Русиягиҳо барои истироҳат дар рӯзҳои таътили моҳи феврал Тоҷикистонро интихоб кардаанд
2026-02-23T16:02+0500
2026-02-23T16:02+0500
2026-02-23T16:02+0500
дар тоҷикистон
сайёҳ
сайёҳат
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/05/1072695949_0:16:2048:1168_1920x0_80_0_0_e46314503953186320fe882bfc706981.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин макони истироҳатӣ барои русиягиҳо қарор гирифт.Таҳлилгарони ширкати "My Agent" фурӯши чиптаҳоро барои рӯзҳои истироҳатии моҳи феврал омӯхтанд.Дар рӯйхати кишварҳои пешсаф дар баробари Тоҷикистон, инчунин кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ Узбекистон ва Қазоқистон низ шомиланд.Коршиносон қайд мекунанд, ки интихоби кишварҳо мантиқӣ аст.Сайёҳони русиягӣ албатта барои гарм шудан сафар мекунанд - ҳаво дар ин кишварҳо, дар қиёс ба Русия ба таври назаррас гармтар аст.Тоҷикистон бо манзараҳои зебои табиӣ, мероси бойи таърихӣ, таомҳои болаззат ва меҳмоннавозии сокинони маҳаллӣ сайёҳонро ҷалб мекунад.Ҷойҳои маъмули сайёҳӣ дар барои русиягиҳо шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фонн, Искандаркӯл ва шаршараи "Ҳафт кӯл" мебошанд.Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон миёни шаҳрвандони Узбекистон низ барои сайёҳат яке аз машҳуртарин самтҳо аст.Тоҷикистон аз рӯи беҳтарин макони гардишгарӣ барои шаҳрвандони Узбекистон пас аз Қирғизистон, дар ҷойи дуюм қарор дорад. 98,6 ҳаз узбекистониҳо давоми моҳи январи соли 2026 аз Тоҷикистон боздид кардаанд.
https://sputnik.tj/20260205/viloyati-sughd-million-sayyoh-khoriji-bozdid-1075023734.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/05/1072695949_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_2aa4f4f197e7ffc4b23d316da32290fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сайёҳ, сайёҳат, русия
дар тоҷикистон, сайёҳ, сайёҳат, русия
Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин макони истироҳатӣ барои русҳо қарор гирифт
Русиягиҳо барои истироҳат дар рӯзҳои таътили моҳи феврал Тоҷикистонро интихоб кардаанд
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин макони истироҳатӣ барои русиягиҳо қарор гирифт.
Таҳлилгарони ширкати "My Agent" фурӯши чиптаҳоро барои рӯзҳои истироҳатии моҳи феврал омӯхтанд.
Дар рӯйхати кишварҳои пешсаф дар баробари Тоҷикистон, инчунин кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ Узбекистон ва Қазоқистон низ шомиланд.
Коршиносон қайд мекунанд, ки интихоби кишварҳо мантиқӣ аст.
Сайёҳони русиягӣ албатта барои гарм шудан сафар мекунанд - ҳаво дар ин кишварҳо, дар қиёс ба Русия ба таври назаррас гармтар аст.
Тоҷикистон бо манзараҳои зебои табиӣ, мероси бойи таърихӣ, таомҳои болаззат ва меҳмоннавозии сокинони маҳаллӣ сайёҳонро ҷалб мекунад.
Ҷойҳои маъмули сайёҳӣ дар барои русиягиҳо шоҳроҳи Помир, Осорхонаи миллӣ дар Душанбе, Қалъаи Ҳисор, кӯҳҳои Фонн, Искандаркӯл ва шаршараи "Ҳафт кӯл" мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон миёни шаҳрвандони Узбекистон низ барои сайёҳат яке аз машҳуртарин самтҳо аст.
Тоҷикистон аз рӯи беҳтарин макони гардишгарӣ барои шаҳрвандони Узбекистон пас аз Қирғизистон, дар ҷойи дуюм қарор дорад. 98,6 ҳаз узбекистониҳо давоми моҳи январи соли 2026 аз Тоҷикистон боздид кардаанд.