https://sputnik.tj/20260222/tojikiston-istehsol-ravghan-rastan-ziyod-vobastai-voridot-1075484300.html
Тоҷикистон истеҳсоли равғани растаниро зиёд кард, аммо ҳанӯз вобастаи воридот аст
Тоҷикистон истеҳсоли равғани растаниро зиёд кард, аммо ҳанӯз вобастаи воридот аст
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси додаҳои оморӣ кишвар имрӯз тақрибан 30% аз ниёзҳои дохилияшро худ таъмин карда, нақша дорад, ки онро то 70% расонад
2026-02-22T17:10+0500
2026-02-22T17:10+0500
2026-02-22T17:11+0500
дар тоҷикистон
равған
истеҳсол
вазорати кишоварзӣ
воридот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/07/1056284622_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_5c4d58c5100d8190d798bb5370e1d564.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тоҷикистон танҳо сеяки равғани растаниро барои ниёзҳояш худ истеҳсол мекунаду халос.Бар асоси додаҳои оморӣ дар кивар соли 2025 ҳудуди 29,2 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст. Ба гуфтаи мақомот мизони ситеҳсол 12% афзуд, аммо ин нокифоя аст.Барои таъминоти дохилӣ Тоҷикистон соли гузашта аз хориҷ 103,7 ҳазор тонна равғани растанӣ ворид кардааст.Ҷумҳурӣ ин миқдорро ба маблағи 110,2 млн доллар бо нархи миёнаи 1 063 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 888,9 тонна ё 7,1% афзоиш ёфтааст.Таъкид мешавад,ки дар бозори воридоти равғани растанӣ 105 субъекти хоҷагидор фаъолият дорад.Воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Манучеҳр Хуҷаев” (11,8%), ҶДММ “Сафо 2013” (10,6%), ҶДММ “Раҳмонҷон сармоя” (10,7%), ҶДММ “Анко Инвест” (5,9%), ҶДММ “Корвон 2011” (5,4%), ҶДММ “Таджеро” (4,2%) ва дигар субъектони хоҷагидор (51,4%) ба ҳисоб мераванд.Аз ҳаҷми умумии равғани воридгардида 85,1% ба Қазоқистон, 11,7% ба Россия ва 3,2% боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд.Мутобиқи ҷадвали маҷмуи ҳадди ақалли маҳсулоти ғизоӣ, меъёри равғани растанӣ ба ҳар сари аҳолӣ 13,68 килограмм дар як сол муайян карда шуда, ҷумҳурӣ бо истеҳсоли дохилӣ танҳо тавони таъмини то 30% талаботашро дорад.Бар асоси нақшаи Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар кишвар кишти 26 062 гектар зироати равғандиҳанда дар назар аст. Ин ниҳод қаблан изҳор дошта буд, ки бо истифодааз навъҳои хушсифати тухмӣ нақша доранд, ки таъминоти дохилиро то 70% расонанд.
https://sputnik.tj/20260208/tojikiston-kharid-gandum-khorij-ziyod-ord-kam-1075114667.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/07/1056284622_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_dfbbb4cc8a24836b152613389b2db121.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, равған, истеҳсол, вазорати кишоварзӣ, воридот
дар тоҷикистон, равған, истеҳсол, вазорати кишоварзӣ, воридот
Тоҷикистон истеҳсоли равғани растаниро зиёд кард, аммо ҳанӯз вобастаи воридот аст
17:10 22.02.2026 (Навсозишуда: 17:11 22.02.2026) Бар асоси додаҳои оморӣ кишвар имрӯз тақрибан 30% аз ниёзҳои дохилияшро худ таъмин карда, нақша дорад, ки онро то 70% расонад
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тоҷикистон танҳо сеяки равғани растаниро барои ниёзҳояш худ истеҳсол мекунаду халос.
Бар асоси додаҳои оморӣ дар кивар соли 2025 ҳудуди 29,2 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст. Ба гуфтаи мақомот мизони ситеҳсол 12% афзуд, аммо ин нокифоя аст.
Барои таъминоти дохилӣ Тоҷикистон соли гузашта аз хориҷ 103,7 ҳазор тонна равғани растанӣ ворид кардааст.
Ҷумҳурӣ ин миқдорро ба маблағи 110,2 млн доллар бо нархи миёнаи 1 063 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 888,9 тонна ё 7,1% афзоиш ёфтааст.
Таъкид мешавад,ки дар бозори воридоти равғани растанӣ 105 субъекти хоҷагидор фаъолият дорад.
Воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ “Манучеҳр Хуҷаев” (11,8%), ҶДММ “Сафо 2013” (10,6%), ҶДММ “Раҳмонҷон сармоя” (10,7%), ҶДММ “Анко Инвест” (5,9%), ҶДММ “Корвон 2011” (5,4%), ҶДММ “Таджеро” (4,2%) ва дигар субъектони хоҷагидор (51,4%) ба ҳисоб мераванд.
Аз ҳаҷми умумии равғани воридгардида 85,1% ба Қазоқистон, 11,7% ба Россия ва 3,2% боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд.
Мутобиқи ҷадвали маҷмуи ҳадди ақалли маҳсулоти ғизоӣ, меъёри равғани растанӣ ба ҳар сари аҳолӣ 13,68 килограмм дар як сол муайян карда шуда, ҷумҳурӣ бо истеҳсоли дохилӣ танҳо тавони таъмини то 30% талаботашро дорад.
Бар асоси нақшаи Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар кишвар кишти 26 062 гектар зироати равғандиҳанда дар назар аст.
Ин ниҳод қаблан изҳор дошта буд, ки бо истифодааз навъҳои хушсифати тухмӣ нақша доранд, ки таъминоти дохилиро то 70% расонанд.