https://sputnik.tj/20260222/tamir-barqarorsozi-poygoh-obkashi-kulob-1075464721.html
Оғози таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар шаҳри Кӯлоб
Оғози таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар шаҳри Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади таъмини саривақтии заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд
2026-02-22T10:22+0500
2026-02-22T10:22+0500
2026-02-22T10:22+0500
кӯлоб
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
вазорати кишоварзӣ
обёрӣ
деҳқон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062304140_0:0:1593:896_1920x0_80_0_0_5de67c58c8ead2225394a784d13db58c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб иҷрои нақшаи тозакунии каналҳо 83% иҷро шудааст.Ба иттилои масъулони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр, ҷиҳати омодагӣ ба мавсими имсола корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ оғоз шудаанд.Ҳадаф аз ин тадбирҳо таъмин намудани фаъолияти мунтазами таҷҳизот ва пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ дар давраи обёрӣ мебошад.Корҳои таъмирӣ то 10 март идома ёфта, пурра ба анҷом расонида мешаванд, омадааст дар хабарнома.Масъулин итминон медиҳанд, ки бо анҷоми саривақтии корҳои омодагӣ кишоварзон бо оби полезӣ бе мушкил таъмин хоҳанд гардид.Қисми зиёди заминҳои корами обёришаванда дар ҳудуди ҷамоати "Зарбдор" ҷойгир буда, пойгоҳҳои обкашӣ низ дар ҳамин ҷамоат фаъолият доранд.Заминҳои се ҷамоати дигари шаҳр бошанд, асосан тавассути обҳои худҷорӣ аз дарёҳо обёрӣ карда мешаванд.Ҳамзамон, тибқи нақша дар ҳудуди шаҳр бояд 19 км каналу ҷӯйборҳо тоза карда мешуд. То имрӯз иҷрои ин корҳо ба 83% расидааст.Дар баробари ин, тозакунии заҳбур ва заҳкашҳо ба масофаи 12км ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он 87%-ро ташкил медиҳад. Масъулини соҳа таъкид менамоянд, ки бо анҷоми пурраи корҳои пешбинишуда мавсими киштукор дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҳосили дилхоҳ ба даст хоҳад омад.Айни замон дар шаҳр 3 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дошта, ки тавассути онҳо беш аз 200 гектар замини корам бо об таъмин мегардад.
https://sputnik.tj/20260201/dar-khatlon-vayron-kardani-qonunhoi-zamin-beshtar-shudaast-1074940705.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062304140_101:0:1493:1044_1920x0_80_0_0_03565aa3aeae7a747ff5038ea508d7f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кӯлоб, дар тоҷикистон, кишоварзӣ, вазорати кишоварзӣ, обёрӣ, деҳқон
кӯлоб, дар тоҷикистон, кишоварзӣ, вазорати кишоварзӣ, обёрӣ, деҳқон
Оғози таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар шаҳри Кӯлоб
Дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади таъмини саривақтии заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд
ДУШАНБЕ, 22 фев - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб иҷрои нақшаи тозакунии каналҳо 83% иҷро шудааст.
Ба иттилои масъулони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр, ҷиҳати омодагӣ ба мавсими имсола корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар пойгоҳҳои обкашӣ оғоз шудаанд.
Ҳадаф аз ин тадбирҳо таъмин намудани фаъолияти мунтазами таҷҳизот ва пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ дар давраи обёрӣ мебошад.
Корҳои таъмирӣ то 10 март идома ёфта, пурра ба анҷом расонида мешаванд, омадааст дар хабарнома.
Масъулин итминон медиҳанд, ки бо анҷоми саривақтии корҳои омодагӣ кишоварзон бо оби полезӣ бе мушкил таъмин хоҳанд гардид.
Қисми зиёди заминҳои корами обёришаванда дар ҳудуди ҷамоати "Зарбдор" ҷойгир буда, пойгоҳҳои обкашӣ низ дар ҳамин ҷамоат фаъолият доранд.
Заминҳои се ҷамоати дигари шаҳр бошанд, асосан тавассути обҳои худҷорӣ аз дарёҳо обёрӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, тибқи нақша дар ҳудуди шаҳр бояд 19 км каналу ҷӯйборҳо тоза карда мешуд. То имрӯз иҷрои ин корҳо ба 83% расидааст.
Дар баробари ин, тозакунии заҳбур ва заҳкашҳо ба масофаи 12км ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он 87%-ро ташкил медиҳад. Масъулини соҳа таъкид менамоянд, ки бо анҷоми пурраи корҳои пешбинишуда мавсими киштукор дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҳосили дилхоҳ ба даст хоҳад омад.
Айни замон дар шаҳр 3 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дошта, ки тавассути онҳо беш аз 200 гектар замини корам бо об таъмин мегардад.