Мулоқоти Раҳмон бо Орипов: Президент бо сарвазири Узбекистон чиро баррасӣ кард?

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон принял премьер-министра Узбекистана в Душанбе.
Эмомали Рахмон принял премьер-министра Узбекистана в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2026
Обуна шудан
Роҳбари Тоҷикистон бо сарвазири Узбекистон роҳҳои рушд ва густариши минбаъдаи равобитро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Раисҷумзури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сарвазири Узбекистон Абдулло Ориповро, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ кард.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ки сарвазири Узбекистон Абдулло Ориповро бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон муҳокима гардид.
Ҳамчунин тарафҳо роҳҳои рушд ва густариши минбаъдаи равобитро баррасӣ карданд.
Тарафҳо аз тамоюли мусбати афзоиши тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба имкониятҳои зиёд барои пешрафти минбаъдаи ин раванд дар соҳаҳои гуногуни саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ишора кард.
Открытие главного корпуса Городской Клинической Больницы №1 в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2026
Ба Узбекистон бештар аз ҳама барои табобат тоҷикистониҳо рафтаанд
Ҷонибҳо инчунин ба густариши минбаъдаи мубодилаи фарҳангӣ ва башардӯстона таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Кишвардори Тоҷикистон кори муассири Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодиро, ки ҷаласаи охирини он имрӯз дар Душанбе баргузор шуд, таъкид кард.
Ҷонибҳо хостори идомаи муколамаи созанда ва боэътимоди байнидавлатӣ дар тамоми самтҳо шуданд.
Тарафҳо таваҷҷуҳи хос ба таъмини омодагии босифат ба мулоқотҳо ва музокироти сатҳи олии дарпешистода зоҳир карданд.
“Доир ба ҷадвали ташкил ва гузарондани чунин чорабиниҳои байнидавлатӣ дар соли равон мубодилаи афкор сурат гирифт”, - қайд кардааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0