https://sputnik.tj/20260218/lukashenko-vurud-ukrainaro-man-1075377052.html
Ба Лукашенко вуруд ба Украинаро манъ карданд
Ба Лукашенко вуруд ба Украинаро манъ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Режими Киев бар зидди раисҷумҳури Белорус таҳримҳо ҷорӣ кард. Воридшавии уро ба Украина манъ карданд
2026-02-18T17:41+0500
2026-02-18T17:41+0500
2026-02-18T17:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
белорус
таҳрим
александр лукашенко
сиёсат
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/11/1073875603_0:0:3179:1788_1920x0_80_0_0_b8d04ce55936280749f3b10f6bd67d4c.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Владимир Зеленский фармонеро содир кард, ки вуруди президенти Беларус Александр Лукашенкоро ба Украина манъ мекунад.Дар замимаи фармон, ки дар вебсайти дафтари Зеленский нашр шудааст, гуфта мешавад: "Рад ва бекор кардани раводид барои сокинони кишварҳои хориҷӣ ва татбиқи дигар маҳдудиятҳои вуруд ба Украина."Қаблан рӯзи чоршанбе Зеленский алайҳи Лукашенко таҳримҳо ҷорӣ кард. Ин таҳримҳо, аз ҷумла, масдуд кардани дороиҳо, маҳдуд кардан ё қатъ кардани амалиёти тиҷоратӣ, пешгирӣ аз берун рафатни сармоя аз Украина ва бекор кардани иҷозатномаҳоро дар бар мегиранд.Маҳдудиятҳо барои 10 сол эътибор доранд.Дар ҳамин ҳол, Олег Гайдукевич, муовини раиси Кумитаи умури байналмилалии палатаи поёнии парлумони Беларус ва раҳбари Ҳизби либерал-демократии Беларус, ба РИА Новости гуфт, ки таҳримҳои Киев алайҳи президенти Беларус Александр Лукашенко ба мавқеи Минск дар раванди сулҳи Украина ё ба ҳаёти раҳбари Беларус таъсир намерасонанд.Вакили парлумон дар посух ба суоле дар бораи таъсири эҳтимолии қарори таҳримҳо ба мавқеи Лукашенко дар ҳалли осоиштаи Украина гуфт: "Ин таҳримҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба мавқеи Беларус таъсир намерасонанд".Вай илова кард, ки Минск хабари ҷорӣ кардани таҳримҳо аз ҷониби Киев алайҳи президенти Беларусро бо табассум менигарад."Ин таҳримҳои бемаънӣ мавқеи Беларусро ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир намедиҳанд ва ба ҳаёти Беларус ё ҳаёти президенти Беларус таъсир намерасонанд", - таъкид кард Гайдукевич.
https://sputnik.tj/20260218/uitkoff-natijahoi-muzokirot-ukraina-guzorish-1075373935.html
украина
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/11/1073875603_283:0:3014:2048_1920x0_80_0_0_a83e9a300f9827446cff4ff86eec70f8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, белорус, таҳрим, александр лукашенко, сиёсат , амалиёти вижа
украина, белорус, таҳрим, александр лукашенко, сиёсат , амалиёти вижа
Ба Лукашенко вуруд ба Украинаро манъ карданд
Режими Киев бар зидди раисҷумҳури Белорус таҳримҳо ҷорӣ кард. Воридшавии уро ба Украина манъ карданд
ДУШАНБЕ, 18 фев - Sputnik. Владимир Зеленский фармонеро содир кард, ки вуруди президенти Беларус Александр Лукашенкоро ба Украина манъ мекунад.
Дар замимаи фармон, ки дар вебсайти дафтари Зеленский нашр шудааст, гуфта мешавад: "Рад ва бекор кардани раводид барои сокинони кишварҳои хориҷӣ ва татбиқи дигар маҳдудиятҳои вуруд ба Украина."
Қаблан рӯзи чоршанбе Зеленский алайҳи Лукашенко таҳримҳо ҷорӣ кард. Ин таҳримҳо, аз ҷумла, масдуд кардани дороиҳо, маҳдуд кардан ё қатъ кардани амалиёти тиҷоратӣ, пешгирӣ аз берун рафатни сармоя аз Украина ва бекор кардани иҷозатномаҳоро дар бар мегиранд.
Маҳдудиятҳо барои 10 сол эътибор доранд.
Дар ҳамин ҳол, Олег Гайдукевич, муовини раиси Кумитаи умури байналмилалии палатаи поёнии парлумони Беларус ва раҳбари Ҳизби либерал-демократии Беларус, ба РИА Новости гуфт, ки таҳримҳои Киев алайҳи президенти Беларус Александр Лукашенко ба мавқеи Минск дар раванди сулҳи Украина ё ба ҳаёти раҳбари Беларус таъсир намерасонанд.
Вакили парлумон дар посух ба суоле дар бораи таъсири эҳтимолии қарори таҳримҳо ба мавқеи Лукашенко дар ҳалли осоиштаи Украина гуфт: "Ин таҳримҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба мавқеи Беларус таъсир намерасонанд".
Вай илова кард, ки Минск хабари ҷорӣ кардани таҳримҳо аз ҷониби Киев алайҳи президенти Беларусро бо табассум менигарад.
"Ин таҳримҳои бемаънӣ мавқеи Беларусро ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир намедиҳанд ва ба ҳаёти Беларус ё ҳаёти президенти Беларус таъсир намерасонанд", - таъкид кард Гайдукевич.