Нархи бензин дар кадом кишвари узви ИИАО бештар боло рафтааст

© Unsplash / engin akyurtЗаправка автомобиля
Заправка автомобиля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2026
Обуна шудан
Ба иттилои Комиссияи ицтисодии АвруОсиё Қазоқистон аз рӯи афзоиши нархи бензин дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё пешсаф аст
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Тибқи маълумоти Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО), Қазоқистон дар соли 2025 аз рӯи афзоиши нархи бензин дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар ҷои аввал қарор гирифт.
Тибқи иттилои манбаъ аз моҳи январ то декабр нархи сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Цазоцистон 15,7% афзоиш ёфтааст.
Қирғизистон бо афзоиши 15,1% аз рӯи афзоиши нархҳо дар ҷои дуюм қарор гирифт ва баъд аз он дар фещрист Русия қарор гирифтааст. Дар ин кишвар нархи бензин дар муқоиса бо соли гузашта 10,8% афзоиш ёфтааст.
Дар Беларус нархҳо 6,7% афзоиш ёфтанд, дар ҳоле ки дар Арманистон 0,8% коҳиш ёфтанд. Афзоиши умумии ИИАО 11,1%-ро ташкил дод.
Дар муқоиса моҳи декабр нисбат ба ноябр, нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Қазоқистон 0,4% афзоиш ёфт, ки ин баландтарин афзоиш дар ИИАО мебошад.
Нархи сӯзишвории дизелӣ дар муқоиса бо соли гузашта 14,1% афзоиш ёфт, ки ин баландтарин афзоиш дар байни кишварҳои узви иттиҳод мебошад.
 Участники проходят рядом со стендом с символикой Евразийского экономического форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2026
Тиҷорати мутақобила байни кишварҳои ИИАО ба 100 млрд доллар наздик мешавад
Дар Қирғизистон (11,1%), Русия (8,3%), Беларус (6,6%) ва Арманистон 0,9% нархи ин сӯзишворӣ коҳиш ёфт. Афзоиши миёна дар саросари ИИАО 8,8%-ро ташкил дод.
Дар айни замон, бо доллар, нархи бензин дар Қазоқистон дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё пасттарин боқӣ мемонад: 0,46 доллар барои як литр дар муқоиса бо 0,82 доллар дар Русия, 0,87 доллар дар Қирғизистон, 0,88 доллар дар Беларус ва 1,38 доллар дар Арманистон.
Аз соли оянда интизор меравад, ки дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бозори ягонаи нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба кор андохта мешавад. Таъсиси он нархҳоро дар байни кишварҳои узв танзим хоҳад кард.
Дар айни замон, Вазорати энергетикаи Қазоқистон манъи содироти бензин ва сӯхти дизелро, аз ҷумла ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ба истиснои ҳаҷми хурди пешакӣ мувофиқашуда, нигоҳ медорад.
Лентаи хабарҳо
0