https://sputnik.tj/20260216/iqtisod-energetikavu-muhriddin-kosherbaev-dushanbe-1075324942.html
Аз иқтисод то энергетикаву амният: Муҳриддин бо Кошербаев дар Душанбе чиро баррасӣ карданд
Аз иқтисод то энергетикаву амният: Муҳриддин бо Кошербаев дар Душанбе чиро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон имзо шуд 16.02.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-02-16T19:31+0500
2026-02-16T19:31+0500
2026-02-16T19:37+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
сиёсат
сироҷиддин муҳриддин
мулоқот
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
сармоягузорӣ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/10/1075323397_88:340:1035:873_1920x0_80_0_0_eede4e8ec56c424c6af0a21c332cfa1f.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев дар шаҳри Душанбе, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро муфассал баррасӣ намуд.Дар ин бора вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев дар ин рӯзҳо бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.Вазорат иттилоъ додааст, ки дар доираи сафар музокирот дар қолабҳои маҳдуд ва васеъ баргузор мешавад.Қайд карда шудааст, ки дар дидор тарафҳо таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, инчунин, тақвияти робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ зоҳир гардид.Ҳамчунин дар дидор вазирон дурнамои таъмиқи ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва амният баррасӣ карданд.Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои қазоқаш роҷеъ ба мавзӯъҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор кард.“Ҷонибҳо бо тамаркуз ба сатҳи баланди ҳусни тафоҳум миёни ду кишвар, идомаи ҳамоҳангсозии иқдомҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро таъкид карданд”, - иттилоъ додааст ВУХ.Қайд карда шудааст, ки вазирон азми ҷонибҳо барои доир кардани машваратҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар, ҳамчунин фаъолсозии механизмҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравиро тасдиқ намуданд.Инчунин хабар дода шудааст, ки дар интиҳои мулоқот маросими баимзорасонии Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028 баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20250319/tojikistonu-qazoqiston-taboduli-koloro-1066634866.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/10/1075323397_118:318:996:977_1920x0_80_0_0_ddce75bd9c1d886707f83241513e1b55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қазоқистон, сиёсат , сироҷиддин муҳриддин, мулоқот, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика
дар тоҷикистон, қазоқистон, сиёсат , сироҷиддин муҳриддин, мулоқот, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика
Аз иқтисод то энергетикаву амният: Муҳриддин бо Кошербаев дар Душанбе чиро баррасӣ карданд
19:31 16.02.2026 (Навсозишуда: 19:37 16.02.2026) Дар шаҳри Душанбе барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Қазоқистон имзо шуд
ДУШАНБЕ, 16 фев – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар дидор бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев дар шаҳри Душанбе, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро муфассал баррасӣ намуд.
Дар ин бора вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев дар ин рӯзҳо бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Вазорат иттилоъ додааст, ки дар доираи сафар музокирот дар қолабҳои маҳдуд ва васеъ баргузор мешавад.
Қайд карда шудааст, ки дар дидор тарафҳо таваҷҷуҳи хос ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, инчунин, тақвияти робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ зоҳир гардид.
Ҳамчунин дар дидор вазирон дурнамои таъмиқи ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва амният баррасӣ карданд.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои қазоқаш роҷеъ ба мавзӯъҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор кард.
“Ҷонибҳо бо тамаркуз ба сатҳи баланди ҳусни тафоҳум миёни ду кишвар, идомаи ҳамоҳангсозии иқдомҳо дар доираи созмонҳои байналмилалиро таъкид карданд”, - иттилоъ додааст ВУХ.
Қайд карда шудааст, ки вазирон азми ҷонибҳо барои доир кардани машваратҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду кишвар, ҳамчунин фаъолсозии механизмҳои ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравиро тасдиқ намуданд.
Инчунин хабар дода шудааст, ки дар интиҳои мулоқот маросими баимзорасонии Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028 баргузор шуд.