https://sputnik.tj/20260215/dodsiton-kul-tojikiston-layk-shabakaho-ijtimoi-jazo-1075293947.html
Мирзозода гуфт, ба судҳо дархости бозбонии ҳукм дар доираи парвандаи“лайк” ворид нашудааст
Мирзозода гуфт, ба судҳо дархости бозбонии ҳукм дар доираи парвандаи“лайк” ворид нашудааст
Sputnik Тоҷикистон
Парвандаҳои афроде, ки барои нашри "лайкҳо" ва шарҳҳо дар интернет маҳкум шудаанд, метавонанд аз нав дида баромада шаванд, гуфт раиси додгоҳ 15.02.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-02-15T13:44+0500
2026-02-15T13:44+0500
2026-02-16T11:58+0500
дар тоҷикистон
додгоҳи олӣ
парванда
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/10/1075313188_0:0:1021:574_1920x0_80_0_0_9c00945fa26babc345a7f6613bcdf603.jpg
ДУШАНБЕ, 15 феврал - Sputnik. Соли 2025 дар Тоҷикистон ягон дархост ба додгоҳҳо дар бораи бозбинии парвандаҳо барои “лайк”-у шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ворид нашудаас. Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт. Ӯ гуфт, ки парвандаҳои афроде, ки барои нашри "лайкҳо" ва шарҳҳо дар интернет маҳкум шудаанд, метавонанд аз нав дида баромада шаванд. Дар ҳамин ҳол ахиран Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар иттилоъ дод, ки содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта дар Тоҷикистон соли гузашта нисбати соли 2024 беш аз 23% ё 314 адад кам шудааст. Қайд карда шудааст, ки нисбати 405 нафар эзоҳи дахлдори марбут ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ татбиқ гардида, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардиданд. Ёдовар мешавем, ки бекор кардани ҷавобгарӣ барои гузоштани "лайку репост" - ро, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи май имзо кад. Масъалаи парвандасозӣ дар асоси "лайку репост"-ро низ кишвадор ба чолиш кашида буд. Президент гуфта буд, ки баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад.
https://sputnik.tj/20260213/vohidzoda-layk-jazo-namedihand-1075238680.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/10/1075313188_0:44:647:530_1920x0_80_0_0_80d09f52524ee01d4877a06a7c071456.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, додгоҳи олӣ, парванда, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, додгоҳи олӣ, парванда, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Мирзозода гуфт, ба судҳо дархости бозбонии ҳукм дар доираи парвандаи“лайк” ворид нашудааст
13:44 15.02.2026 (Навсозишуда: 11:58 16.02.2026) Парвандаҳои афроде, ки барои нашри "лайкҳо" ва шарҳҳо дар интернет маҳкум шудаанд, метавонанд аз нав дида баромада шаванд, гуфт раиси додгоҳ
ДУШАНБЕ, 15 феврал - Sputnik. Соли 2025 дар Тоҷикистон ягон дархост ба додгоҳҳо дар бораи бозбинии парвандаҳо барои “лайк”-у шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ворид нашудаас.
Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки парвандаҳои афроде, ки барои нашри "лайкҳо" ва шарҳҳо дар интернет маҳкум шудаанд, метавонанд аз нав дида баромада шаванд.
Дар ҳамин ҳол ахиран Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли кишвар иттилоъ дод, ки содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта дар Тоҷикистон соли гузашта нисбати соли 2024 беш аз 23% ё 314 адад кам шудааст.
“Ин коҳиш ба иҷрои дастури президент дар бораи худдорӣ аз оғози парвандаҳои ҷиноятӣ барои гузоштани лайку дигар аломатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ буда, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ низ тақвият дода шудаанд”, - афзуд ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон.
Қайд карда шудааст, ки нисбати 405 нафар эзоҳи дахлдори марбут ба ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ татбиқ гардида, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бекор кардани ҷавобгарӣ барои гузоштани "лайку репост" - ро, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи май имзо кад.
Масъалаи парвандасозӣ дар асоси "лайку репост"-ро низ кишвадор ба чолиш кашида буд. Президент гуфта буд, ки баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад.