https://sputnik.tj/20260214/vohidzoda-tojikistoniyon-rusiya-uhdadori-harbii-ijro-1075256104.html
Воҳидзода: Тоҷикистониёни дорои шаҳрвандии Русия уҳдадориҳои ҳарбии худро иҷро кунед
Воҳидзода: Тоҷикистониёни дорои шаҳрвандии Русия уҳдадориҳои ҳарбии худро иҷро кунед
Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ягон шаҳрванди кишвар "барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина", ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст
2026-02-14T14:21+0500
2026-02-14T14:21+0500
2026-02-14T14:21+0500
дар тоҷикистон
додситони кулл
русия
хизмати ҳарбӣ
украина
парвандаи ҷиноӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0d/1075262195_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_93144c349a9f8d58eba9fcb8a8252aec.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев - Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, бояд уҳдадориҳои ҳарбии ин давлатро низ ба ҷо биёранд, таъкид кард зини нишасти матбуотӣ дар Душанбе додситонии кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода.“Ин бар асоси созишнома дар бораи душаҳрвандӣ миёни Тоҷикистону Русия мебошад”, - қайд кард Ҳабибулло Воҳидзода.Ҳамчунин додситони кулли Тоҷикистон изҳор дошт, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, нисбати афроде, ки шаҳрвандии Русияро доранду аз ҷониби ин кишвар дар муҳориба бо Украина иштирок доранд, ҳаққи оғози парвандаи ҷиноӣ надорем.Воҳидзода қайд кард, ки то имрӯз дар мақомоти додситонӣ дар бораи чунин ҳолатҳо маълумоти дақиқу расмӣ мавҷуд нестанд.Вай афзуд дар соли 2025 ягон парвандаи ҷиноятӣ нисбати тоҷикистониҳо барои иштирок дар задухӯрдҳо дар Украина оғоз шудагӣ нест, афзуд додситони кулли Тоҷикистон.Қонунгузории Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандонро дар ҷангҳои берунӣ манъ мекунад, вале мақомоти ҷумҳурӣ мегӯянд, то ин дам нисбат ба касе барои иштирок дар ҷанги Украина парвандаи ҷиноӣ боз накардаанд.
https://sputnik.tj/20260214/nigaronii-dodsitoni-kull-tojikiston-mavodi-mukhaddir-javonon-1075251799.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0d/1075262195_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_d2d3f9cc7b22c5a907dc7b7b529c630a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, додситони кулл, русия, хизмати ҳарбӣ, украина, парвандаи ҷиноӣ
дар тоҷикистон, додситони кулл, русия, хизмати ҳарбӣ, украина, парвандаи ҷиноӣ
Воҳидзода: Тоҷикистониёни дорои шаҳрвандии Русия уҳдадориҳои ҳарбии худро иҷро кунед
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, ягон шаҳрванди кишвар "барои иштирок дар муҳорибаҳои Украина", ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст
ДУШАНБЕ, 13 фев - Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, бояд уҳдадориҳои ҳарбии ин давлатро низ ба ҷо биёранд, таъкид кард зини нишасти матбуотӣ дар Душанбе додситонии кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода.
“Ин бар асоси созишнома дар бораи душаҳрвандӣ миёни Тоҷикистону Русия мебошад”, - қайд кард Ҳабибулло Воҳидзода.
Ҳамчунин додситони кулли Тоҷикистон изҳор дошт, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, нисбати афроде, ки шаҳрвандии Русияро доранду аз ҷониби ин кишвар дар муҳориба бо Украина иштирок доранд, ҳаққи оғози парвандаи ҷиноӣ надорем.
“Паҳлӯи дигари масъала, агар шаҳрвандии Русияро надошта бошаду дар муҳориба иштирок намояд, дар ин ҳолат нисбаташ талаботи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар давлатҳои хориҷ татбиқ мегардад”, - тавзеҳ дод Воҳидзода.
Воҳидзода қайд кард, ки то имрӯз дар мақомоти додситонӣ дар бораи чунин ҳолатҳо маълумоти дақиқу расмӣ мавҷуд нестанд.
Вай афзуд дар соли 2025 ягон парвандаи ҷиноятӣ нисбати тоҷикистониҳо барои иштирок дар задухӯрдҳо дар Украина оғоз шудагӣ нест, афзуд додситони кулли Тоҷикистон.
Қонунгузории Тоҷикистон ҳузури шаҳрвандонро дар ҷангҳои берунӣ манъ мекунад, вале мақомоти ҷумҳурӣ мегӯянд, то ин дам нисбат ба касе барои иштирок дар ҷанги Украина парвандаи ҷиноӣ боз накардаанд.