https://sputnik.tj/20260213/tojikiston-rusiya-bezarargardoni-partovgoh-radioaktivi-1075241908.html
Тоҷикистон дар ҳамкори бо Русия безараргардонии партовгоҳи радиоактивиро идома медиҳад
Тоҷикистон дар ҳамкори бо Русия безараргардонии партовгоҳи радиоактивиро идома медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар вилояти Суғд дар соли 2026 бо кумаки Русия идома хоҳад ёфт
2026-02-13T18:22+0500
2026-02-13T18:22+0500
2026-02-13T18:22+0500
дар тоҷикистон
уран
суғд
саноат
русия
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1c/1069527668_0:40:1080:648_1920x0_80_0_0_df53fee0487dbe4bf9535dfa9ffcb8ab.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Дар моҳи январ, Тоҷикистон татбиқи марҳилаи дуюми барномаи безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ, ки дар шимоли вилояти Суғд ҷойгиранд, оғоз кард.Дар ин бора муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар, хабар дод.Ба гуфтаи вай, марҳилаи аввали асосии безараргардонӣ дар шаҳри Табошар дар соли 2023 ба анҷом расид, ки дар он 7,6 миллион тонна безарар карда шуд ва масоҳати олудашуда 57,6 гектар кам карда шуд, ки 17,5% ҳаҷми умумии партовгоҳҳоро ташкил медиҳад.Оқои Назар хабар дод, ки Вазорати саноат ва тиҷорати Русия барои марҳилаи дуюми барқарорсозӣ дар мавзеъҳои Табошар ва Адрасман беш аз 1,5 миллиард рубл ҷудо кардааст.Вай қайд кард, ки марҳилаи сеюми корҳои барқарорсозӣ барои солҳои 2027-2029 ба нақша гирифта шудааст. Нақшаи ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва тиҷорати Русия, МАГАТЭ ва Вазорати саноати Тоҷикистон имзо шудааст. Ин нақша 10 минтақаро бо иқтидори 50 миллион тонна партов дар бар мегирад ва арзиши кор тақрибан 45 миллион долларро ташкил медиҳад."Нақша таъсиси системаи идоракунии бехатари партовҳои радиоактивӣ ва омӯзиши мутахассисони ватаниро дар бар мегирад, ки метавонанд ин корро дар муддати тӯлонӣ идома диҳанд", - афзуд Азиз Назар.Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон конҳои уране ҳаст, ки дар давраи Шӯравӣ фаъолият мекарданд, инчунин якчанд корхонаҳои истихроҷ ва кимиёвӣ, ки маъданро коркард мекунанд вуҷуд дорад.
https://sputnik.tj/20240201/rosatom-guriston-uran-sughd-bezarar-1061514035.html
суғд
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/07/1c/1069527668_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_d1f3c01f6879d36a8a92ba340f7ee2be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, уран, суғд, саноат, русия, ҳамкорӣ
дар тоҷикистон, уран, суғд, саноат, русия, ҳамкорӣ
Тоҷикистон дар ҳамкори бо Русия безараргардонии партовгоҳи радиоактивиро идома медиҳад
Безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ дар вилояти Суғд дар соли 2026 бо кумаки Русия идома хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Дар моҳи январ, Тоҷикистон татбиқи марҳилаи дуюми барномаи безараргардонии партовгоҳи радиоактивӣ, ки дар шимоли вилояти Суғд ҷойгиранд, оғоз кард.
Дар ин бора муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Азиз Назар, хабар дод.
"Дар моҳи январи соли 2026, Тоҷикистон татбиқи марҳилаи дуюми барномаи безараргардонии шаш партовгоҳи радиоактивро, ки дар шимоли вилояти Суғд ҷойгиранд, оғоз кард; марҳилаи аввал дар соли 2023 ба анҷом расид", - гуфт мақомдори тоҷик.
Ба гуфтаи вай, марҳилаи аввали асосии безараргардонӣ дар шаҳри Табошар дар соли 2023 ба анҷом расид, ки дар он 7,6 миллион тонна безарар карда шуд ва масоҳати олудашуда 57,6 гектар кам карда шуд, ки 17,5% ҳаҷми умумии партовгоҳҳоро ташкил медиҳад.
Оқои Назар хабар дод, ки Вазорати саноат ва тиҷорати Русия барои марҳилаи дуюми барқарорсозӣ дар мавзеъҳои Табошар ва Адрасман беш аз 1,5 миллиард рубл ҷудо кардааст.
"То имрӯз, боз 47,4 миллион тонна партов боқӣ мондааст, ки масоҳати 123 гектарро фаро мегирад. МАГАТЭ омӯзиши имконпазирии сарбандҳои партовгоҳҳоро анҷом дода, 10 хатарноктаринро муайян кардааст, ки дар марҳилаи дуюм безарар гардонида мешаванд", - гуфт муовини вазир.
Вай қайд кард, ки марҳилаи сеюми корҳои барқарорсозӣ барои солҳои 2027-2029 ба нақша гирифта шудааст. Нақшаи ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва тиҷорати Русия, МАГАТЭ ва Вазорати саноати Тоҷикистон имзо шудааст. Ин нақша 10 минтақаро бо иқтидори 50 миллион тонна партов дар бар мегирад ва арзиши кор тақрибан 45 миллион долларро ташкил медиҳад.
"Нақша таъсиси системаи идоракунии бехатари партовҳои радиоактивӣ ва омӯзиши мутахассисони ватаниро дар бар мегирад, ки метавонанд ин корро дар муддати тӯлонӣ идома диҳанд", - афзуд Азиз Назар.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон конҳои уране ҳаст, ки дар давраи Шӯравӣ фаъолият мекарданд, инчунин якчанд корхонаҳои истихроҷ ва кимиёвӣ, ки маъданро коркард мекунанд вуҷуд дорад.