Боевое слаживание военнослужащих 123-й мотострелковой бригады группировки Юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

СПАД Ғарбро ба кашол додани низоъ дар Украина айбдор кард

© Sputnik / Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкФлаги стран-участниц ОДКБ
Флаги стран-участниц ОДКБ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2026
Обуна шудан
Роҳбари сидоти муштарака СПАД боварӣ дорад, ки амалҳои Ғарб ин ба давом додани низоъ дар Украина равона шудааст
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Сардори Ситоди муштараки СААД Андрей Сердюков, изҳор дошт, ки амалҳои Ғарб давом додани низоъ дар Украина равона шудаанд.
"Амалҳои Ғарб барои давом додани низоъи мусаллаҳона дар Украина омили муайянкунанда дар нигоҳ доштани ноустуворӣ дар минтақа мебошанд”, - гуфт ӯ.

Раванди сулҳи Украина

Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ташаббуси ИМА интиқоли тамоми Донбасс ба назорати Маскав, эътироф кардани он ва Қрим ҳамчун қаламравҳои Русия, хатми қисми зиёди хатти тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон, ду баробар кам кардани шумораи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ ва силоҳҳои дурпарвоз дар Украинаро дар бар мегирифт.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2026
Лавров дар бораи пешниҳоди ИА дар бораи оташбаси фаврӣ дар Украина изҳори назар кард
Пеш аз мулоқот дар АМА музокироти Владимир Путин ва ҳайати роҳбарикунандаи намояндаи махсуси Доналд Трамп, Стив Уиткофф баргузор шуд.
Тавре ки Кремл қайд кард, амрикоиҳо эътироф карданд, ки бидуни ҳалли масъалаи қаламравӣ мувофиқи формулаи мувофиқашуда дар Анкориҷ, умеде барои ҳалли дарозмуддат вуҷуд надорад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бояд аз Донбасс берун раванд — ин шарти муҳим барои Маскав аст. Даври навбатии музокирот 4-5 феврал баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0