https://sputnik.tj/20260211/taboduli-kolo-tojikistonu-rusiya-1075187957.html
Табодули коло миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2025 ба 2,5 миллиард доллар расид
Табодули коло миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2025 ба 2,5 миллиард доллар расид
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон Русия яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии кишвар боқӣ мемонад
2026-02-11T15:58+0500
2026-02-11T15:58+0500
2026-02-11T16:00+0500
дар тоҷикистон
русия
иқтисод
ҳамкорӣ
табодули мол
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/07/1069803782_0:155:2000:1280_1920x0_80_0_0_fd3bf326c41b1358a81963190fd92e55.jpg
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тиҷорати мутақобила байни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2025 аз 2,4 миллиард доллар гузашт.Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.Ба гуфтаи вай, Русия дар гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ пас аз Чин дар ҷои дуюм қарор гирифт.Вай илова кард, ки содироти Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 240 миллион доллар ва воридот 2,232 миллиард долларро ташкил додааст.Вазири тоҷик таъкид кард, ки ҳам ҳаҷми содирот ва ҳам номгӯи молҳо дар тӯли солҳо афзоиш ёфтааст.Вай афзуд, ки қаблан номгӯи молҳои содиротӣ аз Тоҷикистон ба Русия тақрибан 400-420 номгӯйро ташкил медоданд, аммо соли гузашта ин рақам ба 1000 расид.Вазири иқтисод қайд кард, ки то охири соли 2025 Чин ба як бозигари аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон табдил ёфтааст.ибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, соли гузашта гардиши моли ҷумҳурӣ бо Чин қариб 2,850 миллиард долларро ташкил дод.Русия яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад. Тиҷорат байни ду кишвар дар муқоиса бо ҳамин нишондиҳандаи соли 2024 қариб 25% афзоиш ёфтааст. Афзоиши асосӣ аз ҳисоби таъминоти маҳсулоти нафтии Русия, маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти муҳандисӣ ва аз ҷониби Тоҷикистон - маҳсулоти кишоварзӣ ва матоъ таъмин карда шудааст.
https://sputnik.tj/20260208/rusiya-sodirkunanda-doruvori-tojikiston-1075116631.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/07/1069803782_0:0:1777:1333_1920x0_80_0_0_83c228f9a383cf6b67167a5339da4502.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, иқтисод, ҳамкорӣ, табодули мол, равобит
дар тоҷикистон, русия, иқтисод, ҳамкорӣ, табодули мол, равобит
Табодули коло миёни Тоҷикистону Русия дар соли 2025 ба 2,5 миллиард доллар расид
15:58 11.02.2026 (Навсозишуда: 16:00 11.02.2026) Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон Русия яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии кишвар боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тиҷорати мутақобила байни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2025 аз 2,4 миллиард доллар гузашт.
Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, Русия дар гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ пас аз Чин дар ҷои дуюм қарор гирифт.
"Имсол Русия бо бештар аз 2,4 млрд доллар дар ҷойи дуюм қарор гирифт, ки 22,9%-и гардиши тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣро ташкил медиҳад. Дар соли 2024 ин рақам қариб 2 миллиард долларро ташкил медод”. - гуфт Абдураҳмонзода.
Вай илова кард, ки содироти Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ 240 миллион доллар ва воридот 2,232 миллиард долларро ташкил додааст.
Вазири тоҷик таъкид кард, ки ҳам ҳаҷми содирот ва ҳам номгӯи молҳо дар тӯли солҳо афзоиш ёфтааст.
Вай афзуд, ки қаблан номгӯи молҳои содиротӣ аз Тоҷикистон ба Русия тақрибан 400-420 номгӯйро ташкил медоданд, аммо соли гузашта ин рақам ба 1000 расид.
Вазири иқтисод қайд кард, ки то охири соли 2025 Чин ба як бозигари аслии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон табдил ёфтааст.
ибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, соли гузашта гардиши моли ҷумҳурӣ бо Чин қариб 2,850 миллиард долларро ташкил дод.
Русия яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии ҷумҳурӣ боқӣ мемонад. Тиҷорат байни ду кишвар дар муқоиса бо ҳамин нишондиҳандаи соли 2024 қариб 25% афзоиш ёфтааст. Афзоиши асосӣ аз ҳисоби таъминоти маҳсулоти нафтии Русия, маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти муҳандисӣ ва аз ҷониби Тоҷикистон - маҳсулоти кишоварзӣ ва матоъ таъмин карда шудааст.