Пизишкиён: Эрон ният дорад ҳамкориҳояшро бо ИИАО, БРИКС ва СҲШ тақвият диҳад

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Ирана Масуд Пезешкиан во время встречи с председателем правительства РФ Михаилом Мишустиным.
Президент Ирана Масуд Пезешкиан во время встречи с председателем правительства РФ Михаилом Мишустиным. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи раисҷумҳури Эрон тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, БРИКС ва Созмони Ҳамкории Шанхай барои рушди кишвар зарур аст
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО), БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) яке аз авлавиятҳои асосии сиёсати иқтисодии Эрон мебошад.
Дар ин бора Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, зимни суханронии худ ба миллат ба муносибати 47-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ изҳор дошт.
"Барои рушди кишвар ва саноат, мо ба бозорҳо ниёз дорем ва дар марҳилаи аввал инҳо кишварҳои исломӣ ва ҳамсоягони мо ҳастанд ва сипас - тақвияти ҳамкорӣ дар доираи ИИАО, БРИКС, СҲШ, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ мебошад", - гуфт ӯ.
Башня Азади в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2026
Пешниҳоди Эрон дар бораи таъсиси Созмони минтақаҳои озоди иқтисодии ИИАО
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2023 Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамроҳ шуд.
Ҷумҳурии Исломӣ аз 1 январи соли 2024 узви комилҳуқуқи созмони БРИКС шуд.
Дар моҳи майи соли 2025 Созишномаи ҳамаҷонибаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон эътибор пайдо кард, ки коҳиши боҷҳои воридотиро барои 90% молҳо пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0