https://sputnik.tj/20260210/eloni-oghoz-ramazon-nisobi-zakot-fidyai-savm-tojikiston-1075162676.html
Эълони оғози моҳи Рамазон, нисоби закот ва фидяи савм дар Тоҷикистон
Эълони оғози моҳи Рамазон, нисоби закот ва фидяи савм дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар оғози Рамазонро 19-уми феврал муқаррар кардаст
2026-02-10T15:36+0500
2026-02-10T15:36+0500
2026-02-10T15:36+0500
дар тоҷикистон
моҳи рамазон
закот
ислом
кумитаи дин
дин ва оин
шӯрои уламо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/72/1024187204_0:267:3065:1991_1920x0_80_0_0_6b2fb2c2747aab1ee87fa5693aec3470.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раёсати Шурои уламои Тоҷикистон нисоби закотро 64000 сомонӣ муқаррар кардаст, ки аз ин 1600 сомонӣ закот муқаррар гардидаст.Дар ин бора Кумитаи дини Тоҷикистон бо такя ба Шӯрои уламои кишвар иттилоъ додаст. Манбаъ афзуд, ки моҳи шарифи Рамазон дар кишвар 19-уми феврал оғоз меёбад.Тақвими мазкур аз тарафи Раёсати Шурои уламо ва дар асоси пешниҳоди хулосаи Институти Астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар тасдиқ шудааст.Дар ин баробар садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 7 сомонӣ ба ҳисоби гандум ва 72 сомонӣ ба ҳисоби мавиз (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) ва фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2026 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ё бемороне, ки умеди беҳбудӣ надоранд, ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардид.Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/72/1024187204_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_585b39f507cb4deba4a0f869e78433c4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рамазон, закот, фадияи сам, дин, шӯрои уламо
тоҷикистон, рамазон, закот, фадияи сам, дин, шӯрои уламо
Эълони оғози моҳи Рамазон, нисоби закот ва фидяи савм дар Тоҷикистон
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар оғози Рамазонро 19-уми феврал муқаррар кардаст
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Раёсати Шурои уламои Тоҷикистон нисоби закотро 64000 сомонӣ муқаррар кардаст, ки аз ин 1600 сомонӣ закот муқаррар гардидаст.
Дар ин бора Кумитаи дини Тоҷикистон бо такя ба Шӯрои уламои кишвар иттилоъ додаст. Манбаъ афзуд, ки моҳи шарифи Рамазон дар кишвар 19-уми феврал оғоз меёбад.
Тақвими мазкур аз тарафи Раёсати Шурои уламо ва дар асоси пешниҳоди хулосаи Институти Астрофизикаи Академияи миллии илмҳои кишвар тасдиқ шудааст.
Дар ин баробар садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 7 сомонӣ ба ҳисоби гандум ва 72 сомонӣ ба ҳисоби мавиз (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) ва фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2026 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ё бемороне, ки умеди беҳбудӣ надоранд, ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардид.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини Ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар ҷудо менамоянд.
Бо фарорасии шом тӯли ин моҳ масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Барои онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, додани фидияи савм маслиҳат мешавад.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.