https://sputnik.tj/20260209/safiri-rusiya-siyosat-gharb-kolkhozi-1075131005.html
Сафири Русия сиёсати Ғарбро нисбати кишвараш "колхозӣ" номид
Сафири Русия сиёсати Ғарбро нисбати кишвараш "колхозӣ" номид
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Русия дар Итолиё гуфт, ки сиёсати Ғарб равобит бо Маскавро ба умқи уқёнус ғарқ кардааст
2026-02-09T13:39+0500
2026-02-09T13:39+0500
2026-02-09T13:44+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
аврупо
русия
равобит
амалиёти вижа
итолиё
сафир
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/09/1075132124_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_388ed6f90ced2111552a1c89eeb67560.jpg
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сафири Русия дар Италия Алексей Парамонов дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ки сиёсати "ягонагь"-и Аврупои Ғарбӣ муносибатҳоро бо Русия то "умқи хандақи Мариана" фурӯ бурдааст ва мақомоти Италия афзалтар медонанд, ки "мавқеи шутурмурғ"-ро ишғол кунанд ва андешаҳои шаҳрвандони худро нодида гиранд.Вай дар бораи равобити Маскав ва Рум изҳор дошт, ки ин гуна суолщо дар чорабиниҳои ҳам Русия ва ҳам Италия зуд-зуд ба миён гузошта мешавад."Ин нишон медиҳад, ки дар кишварҳои мо шаҳрвандони оқили зиёде ҳастанд, ки ба сарнавишти муносибатҳои Русия ва Италия аҳамият медиҳанд ва мехоҳанд аломатҳои мусбатеро бубинанд, ки беҳбудиҳо нишон медищад, аммо эҳёи робитаҳои мо дар умқи "ханақи Мариана", ки ба сабаби сиёсати коллективии Аврупои Ғарбӣ фурӯ рафтаанд. Аммо, Рум айни замон афзалтар медонад, ки мавқеи "шутурмурғ"-ро қабул кунад, "андешаҳои шаҳрвандони худро нодида мегирад", ва тавре рафтор дорад, ки набудани муколамаи ошкоро ва ҳамкорӣ бо Русия ба Италия ва мардуми он таъсире надорад. Албатта, ин аз ин ҳолат дур аст", - изҳор дошт сафир.Вай қайд кард, ки натиҷаҳои ин сиёсати кӯтоҳандешона ҳам ба мавқеи сиёсати хориҷии Рум ва ҳам ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва некӯаҳволии итолиёвиҳои оддӣ таъсири бештар мерасонанд.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 30 январ изҳор дошт, ки Русия ҳеҷ гоҳ аз муколама даст нахоҳад кашид, аммо эҳтимол дорад, ки бо роҳбарони кунунии Аврупо ба созиш бирасем.
https://sputnik.tj/20260207/zelenskiy-nizo-ukraina-izhorot-1075097676.html
украина
аврупо
русия
итолиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/09/1075132124_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_a68c184eb075f34f9fe3316bd20817e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, итолиё, ҳамкорӣ, амалиёти вижа, украина, сиёсат, ғарб, равобит
русия, итолиё, ҳамкорӣ, амалиёти вижа, украина, сиёсат, ғарб, равобит
Сафири Русия сиёсати Ғарбро нисбати кишвараш "колхозӣ" номид
13:39 09.02.2026 (Навсозишуда: 13:44 09.02.2026) Сафири Русия дар Итолиё гуфт, ки сиёсати Ғарб равобит бо Маскавро ба умқи уқёнус ғарқ кардааст
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сафири Русия дар Италия Алексей Парамонов дар мусоҳиба бо РИА Новости гуфт, ки сиёсати "ягонагь"-и Аврупои Ғарбӣ муносибатҳоро бо Русия то "умқи хандақи Мариана" фурӯ бурдааст ва мақомоти Италия афзалтар медонанд, ки "мавқеи шутурмурғ"-ро ишғол кунанд ва андешаҳои шаҳрвандони худро нодида гиранд.
Вай дар бораи равобити Маскав ва Рум изҳор дошт, ки ин гуна суолщо дар чорабиниҳои ҳам Русия ва ҳам Италия зуд-зуд ба миён гузошта мешавад.
"Ин нишон медиҳад, ки дар кишварҳои мо шаҳрвандони оқили зиёде ҳастанд, ки ба сарнавишти муносибатҳои Русия ва Италия аҳамият медиҳанд ва мехоҳанд аломатҳои мусбатеро бубинанд, ки беҳбудиҳо нишон медищад, аммо эҳёи робитаҳои мо дар умқи "ханақи Мариана", ки ба сабаби сиёсати коллективии Аврупои Ғарбӣ фурӯ рафтаанд. Аммо, Рум айни замон афзалтар медонад, ки мавқеи "шутурмурғ"-ро қабул кунад, "андешаҳои шаҳрвандони худро нодида мегирад", ва тавре рафтор дорад, ки набудани муколамаи ошкоро ва ҳамкорӣ бо Русия ба Италия ва мардуми он таъсире надорад. Албатта, ин аз ин ҳолат дур аст", - изҳор дошт сафир.
Вай қайд кард, ки натиҷаҳои ин сиёсати кӯтоҳандешона ҳам ба мавқеи сиёсати хориҷии Рум ва ҳам ба нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва некӯаҳволии итолиёвиҳои оддӣ таъсири бештар мерасонанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 30 январ изҳор дошт, ки Русия ҳеҷ гоҳ аз муколама даст нахоҳад кашид, аммо эҳтимол дорад, ки бо роҳбарони кунунии Аврупо ба созиш бирасем.