Афзоиши назарраси истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон

© Foto / Министерство промышленности и новых технологий Республики ТаджикистанЗавод "ТАЛКО Голд" в Таджикистане
Завод ТАЛКО Голд в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2026
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳоло 3972 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба фаъолият машғул аст, ки аз 1316 адад ва ё 33,1% ба вилояи Суғд рост меояд
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Корхонаҳои саноатии Тоҷикистон якҷо бо соҳибкорони хусусии кишвар соли гузашта ба маблағи беш аз 66,7 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 22,1% афзудааст.
Тавре Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст, омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ – 36,2%, саноати коркард – 10,5%, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 13%, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа – 22,8% ба амал омадааст.
Ҳамчунин дар моҳҳои январ - декабри соли 2025 дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 20 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсол нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 36,2% зиёд аст.
Қайд карда шудааст, ки афзоиши суръати рушди саноати истихроҷи маъдан аз рўи намудҳои маҳсулотҳои истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби истихроҷи ангиштисанг ва бур – 10,6%, нафти хом ва гази табиӣ 1,6% баробар, маъданҳои филизӣ –36%, ҳаргуна канданиҳои фоиданок – 30,3% мушоҳида шудааст.
Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард бошад, дар ин давра ба 34,5 млрд сомонӣ расидааст.
Работа горнодобывающего предприятия. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2026
Даҳҳо мансабдори тоҷик барои риоя накардани бехатарӣ дар саноат ҷазо гирифтанд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ умуман дар соҳаи коркард 10,5%-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин Агентии омор хабар додааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди кишвар 3972 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 362 адад, коркард 3437 адад, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 101 адад фаъолият намудаанд.
Аз ин шумора 1316 адад (33,1% аз шумораи умумии корхонаҳо) ба вилояти Суғд, 912 адад (23%) – ба вилояти Хатлон, 842 адад (21,2%) – ба шаҳри Душанбе, 712 адад (17,9%) – ба НТМ ва 190 адад (4,8%) – ба ВМКБ рост меоянд.
Лентаи хабарҳо
0