https://sputnik.tj/20260206/overchuk-uzbekiston-hamkori-iiao-soha-gumruk-1075056215.html
Оверчук: Ӯзбекистон ба ҳамкорӣ бо ИИАО дар соҳаи гумрук манфиатдор аст
Оверчук: Ӯзбекистон ба ҳамкорӣ бо ИИАО дар соҳаи гумрук манфиатдор аст
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазири Русия инчунин ёдовар шуд, ки Узбекистон ба наздикӣ ба Бонки рушди АвруОсиё пайваст
2026-02-06T10:32+0500
2026-02-06T10:32+0500
2026-02-06T10:32+0500
ииао
гумрук
ҳамкорӣ
узбекистон
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/18/1074102209_0:24:2958:1689_1920x0_80_0_0_b54d659a8b239e9045f58834ccf852f9.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Узбекистон ба рушди ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар соҳаҳои нақлиёт ва транзити гумрукӣ манфиатдор аст.Дар ин бора, муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ба хабарнигорон гуфт."Мо бори дигар мегӯем, ки ИИАО иттиҳодияест, ки дар он кишварҳо худашон қарор медиҳанд, ки ба он ҳамроҳ шаванд ё не. Дар мавриди Узбекистон - ин кишвар айни замон нозир аст ва равандҳоеро, ки дар дохили ИИАО рух медиҳанд, аз ҷумла онҳоеро, ки мо дар соҳаҳои нақлиёт ва транзити гумрукӣ бастаем, фаъолона назорат мекунад. Дар ин ҷо аз ҷониби Узбекистон таваҷҷӯҳи зиёд вуҷуд дорад", - гуфт ӯ.Оверчук инчунин қайд кард, ки Ӯзбекистон ба наздикӣ ба Бонки рушди АвруОсиё ҳамроҳ шуд."Ҳеҷ кас онҳоро шитоб намедиҳад ё аз онҳо хоҳиш намекунад, ки ба (ИИАО - таҳрир) ҳамроҳ шаванд. Ин қарори онҳост. Албатта, дар шароити имрӯза мо мебинем, ки иқтисодҳое, ки барои рушд ва густариши иқтидорҳои худ, аз ҷумла иқтидори тиҷоратӣ, талош мекунанд, бо ин ё он роҳ ба иттиҳодияҳои ҳамгироӣ ҳамроҳ мешаванд, ки ба онҳо фишанги заруриро барои рушди иқтисодӣ фароҳам меоранд", - гуфт ӯ.Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дар минтақаи шимолии АвруОсиё бузургтарин иқтисод Русия аст.Ва он ҳамчун марказ барои истеҳсолкунандагон, аз ҷумла онҳое, ки аз Узбекистон ҳастанд, хизмат мекунад, то дар бозори мо худро бароҳаттар ҳис кунанд ва дастрасии беҳтар ба он дошта бошанд", - қайд кард муовини сарвазири Русия.
https://sputnik.tj/20250505/uzbekiston-tijorat-kishvarhoi-iiao-1067240267.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/18/1074102209_227:0:2958:2048_1920x0_80_0_0_bb41d7e87f1d4b2b32c6bb072b108f28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, ҳамкорӣ, ииао
ӯзбекистон, ҳамкорӣ, ииао
Оверчук: Ӯзбекистон ба ҳамкорӣ бо ИИАО дар соҳаи гумрук манфиатдор аст
Муовини сарвазири Русия инчунин ёдовар шуд, ки Узбекистон ба наздикӣ ба Бонки рушди АвруОсиё пайваст
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Узбекистон ба рушди ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар соҳаҳои нақлиёт ва транзити гумрукӣ манфиатдор аст.
Дар ин бора, муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ба хабарнигорон гуфт.
"Мо бори дигар мегӯем, ки ИИАО иттиҳодияест, ки дар он кишварҳо худашон қарор медиҳанд, ки ба он ҳамроҳ шаванд ё не. Дар мавриди Узбекистон - ин кишвар айни замон нозир аст ва равандҳоеро, ки дар дохили ИИАО рух медиҳанд, аз ҷумла онҳоеро, ки мо дар соҳаҳои нақлиёт ва транзити гумрукӣ бастаем, фаъолона назорат мекунад. Дар ин ҷо аз ҷониби Узбекистон таваҷҷӯҳи зиёд вуҷуд дорад", - гуфт ӯ.
Оверчук инчунин қайд кард, ки Ӯзбекистон ба наздикӣ ба Бонки рушди АвруОсиё ҳамроҳ шуд.
"Ҳеҷ кас онҳоро шитоб намедиҳад ё аз онҳо хоҳиш намекунад, ки ба (ИИАО - таҳрир) ҳамроҳ шаванд. Ин қарори онҳост. Албатта, дар шароити имрӯза мо мебинем, ки иқтисодҳое, ки барои рушд ва густариши иқтидорҳои худ, аз ҷумла иқтидори тиҷоратӣ, талош мекунанд, бо ин ё он роҳ ба иттиҳодияҳои ҳамгироӣ ҳамроҳ мешаванд, ки ба онҳо фишанги заруриро барои рушди иқтисодӣ фароҳам меоранд", - гуфт ӯ.
Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дар минтақаи шимолии АвруОсиё бузургтарин иқтисод Русия аст.
Ва он ҳамчун марказ барои истеҳсолкунандагон, аз ҷумла онҳое, ки аз Узбекистон ҳастанд, хизмат мекунад, то дар бозори мо худро бароҳаттар ҳис кунанд ва дастрасии беҳтар ба он дошта бошанд", - қайд кард муовини сарвазири Русия.