Боевое слаживание военнослужащих 123-й мотострелковой бригады группировки Юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Русия 157 низомиро аз асорати Украина бозгардонд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкВозвращение российских военных из украинского плена
Возвращение российских военных из украинского плена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2026
Обуна шудан
Ахиран 157 сарбози низомӣ аз асорати Украина ба Русия баргардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Русия 157 сарбозро аз қаламрави таҳти назорати режими Киев баргардонд.
Дар ин бора, Вазорати дифоъ хабар додааст.
"Дар иваз, 157 асири низомии Украина интиқол дода шуданд", - омадааст дар хабарнома.
Мубодилаи қаблии асирон, 185 ба 185, 2 октябри соли гузашта сурат гирифта буд.
Қайд мешавад, ки Имороти Муттаҳидаи Араб ва ИМА барои бозгашти сарбозони рус миёнҷигарӣ кардаанд.
Стивен Уиткофф, фиристодаи президенти ИМА, имрӯз эълон кард, ки Маскав, Киев ва Вашингтон ба мубодилаи асирон розӣ шудаанд.
Ин дар даври дуюми музокироти сулҳ, ки дар Абу-Дабӣ баргузор шуд, ба даст омадааст. Мулоқот паси дарҳои баста баргузор шуданд. Интизор меравад, ки пас аз музокирот изҳорот содир шавад.

Роҳ ба сӯи сулҳи Украина

Даври аввали музокироти гурӯҳи кории сеҷониба, ки намояндагони Русия, Украина ва Иёлоти Муттаҳидаро дар бар мегирад, 23 ва 24 январ баргузор шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳалношудаи нақшаи сулҳи пешниҳодкардаи Вашингтонро дар паси дарҳои баста баррасӣ карданд.
Музокироти нав барои 1 феврал ба нақша гирифта шуда буд, аммо ба рӯзҳои 4 ва 5 ба таъхир гузошта шуданд.
Кирилл Дмитриев, генеральный директор Российского фонда прямых инвестиций (РФПИ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дмитриев аз пешрафт дар музокирот оид ба Украина гуфт
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков инро ба нобаробарӣ дар ҷадвали корӣ рабт дод.
Пеш аз ин музокирот, мулоқоти Владимир Путин ва ҳайати ИМА бо роҳбарии Уиткофф баргузор шуд. Тавре ки Кремл қайд кард, амрикоиҳо эътироф карданд, ки бидуни ҳалли ҳудудӣ бар асоси формулаи мувофиқашуда аз ҷониби Путин ва Трамп дар Аляска 15 август, умеде барои ҳалли дарозмуддат вуҷуд надорад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Украина бояд аз Донбасс берун раванд - ин шарти муҳими Маскав аст.
Лентаи хабарҳо
0