Чанд шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳристи ашхоси зери назорати Русия қарор доранд?

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкРейд по проверке документов у мигрантов в Новосибирске
Рейд по проверке документов у мигрантов в Новосибирске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2026
Обуна шудан
Зиёда аз 38 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон будубоши худро дар Федератсияи Русия қонунӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Тақрибан 56 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳристи шахсони зери назорати Русия қарор доранд.
Дар ин бора, Шариф Норзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Беш аз 124 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон дар феҳристи шахсони зери назорат қарор доштанд, ки 68 ҳаз. нафар аллакай аз он хориҷ карда шудаанд", - гуфт Норзода.
Ба гуфтаи ӯ, зиёда аз 38 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон будубоши худро дар Федератсияи Русия қонунӣ кардаанд.
Дар баробари ин. соли 2025, 36 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ карда шуданд.
Аз миёни ихроҷшудагон, 28 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон тавассути марказҳои шуғл бо кор таъмин шудаанд.
Вазири меҳнати кишвар, Солеҳ Холмаҳмадзода таъкид кард, ки сабаби асосии ихроҷ ноҷурии ҳуҷҷатҳои лозима барои кор, аз ҷумла патент мебошад.
Ғайр аз ин, гузориш дода шуд, ки дар соли 2025 беш аз 35,5 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон барои дубора ворид шудан ба Русия ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муроҷиат кардаанд.
Рейд в Красноярске по выявлению незаконных мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2026
Депорт: 36 ҳаз. шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ихроҷ шудаанд
Вазорат изҳор дошт, ки дар натиҷаи талошҳои ин хадамот, сафари 8,7 ҳаз. нафаре, ки барояшон муваққатан вуруд ба Русия манъ шуда буданд, пешгирӣ карда шуд.
Аз ин шумора, 6,6 ҳаз. нафар омӯзиши касбӣ ва мутобиқшавӣ ба бозори меҳнати дохилӣ, 3,7 ҳаз. нафари дигар омӯзиши касбӣ ва 2 ҳаз. шаҳрвандон дар Русия ба таври доимӣ кор кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ният дорад, муҳоҷирони меҳнатияшро ба Белгия, Нидерландия ва Люксембург фиристад.
Ёддошти тафоҳум байни вазорати корҳои дохилӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Идораи корҳои дохилӣ ва идораи муҳоҷирати Белгия имзо шуда, феълан расмиёти дохилидавлатӣ идома доранд, иттилоъ дод Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон.
Санади мазкур имкон медиҳад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумҳурӣ дар кишварҳои БЕНИЛЮКС - Белгия, Нидерландия ва Люксембург ба фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, парасторӣ ва тиб машғул шаванд, иттилоъ дод манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0