https://sputnik.tj/20260204/ciyosatmador-itoliyovi-ehtimoliyat-hall-nizo-ukraina-arzyobi-1075011799.html
Cиёсатмадори итолиёвӣ эҳтимолияти ҳалли низоъ дар Украинаро арзёбӣ кард
Cиёсатмадори итолиёвӣ эҳтимолияти ҳалли низоъ дар Украинаро арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадори итолиёвӣ Тоскано мегӯяд, ки сулҳ дар Украина имконпазир аст, агар Иттиҳоди Аврупо ба ин халал нарасонад
2026-02-04T14:24+0500
2026-02-04T14:24+0500
2026-02-04T14:24+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
сиёсат
буҳрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1c/1074858962_0:128:3072:1856_1920x0_80_0_0_aa853ef98b1f43d982d1686f8a830b74.jpg
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ҳалли пойдор ва устувори низоъ дар Украина имконпазир аст, агар Иттиҳоди Аврупо ба раванди сулҳ халал нарасонад.Дар ин бора, президент ва ҳаммуассиси ҳизби итолиёвии "Демократияи мардумии соҳибихтиёр" Франческо Тоскано, гуфт.Ба андешаи ӯ, дар дохили сохторҳои ИА "нерӯи аз назорат беруншуда" амал мекунад, ки "бар пояи суханрониҳои таҳрикии қалбакӣ вуҷуд дорад".Сиёсатмадор Иттиҳоди Аврупоро "сохтори хатарнок" номид, ки ба гуфтаи ӯ, "асоси мавҷудияти худро дар ҷаҳони тағйирёбанда аз даст додааст"."Ин як сохтори кӯҳна аст. Мо бояд ба нақши пешбари давлатҳои алоҳида баргардем, ки бояд қудрати қабули қарорҳои дохилии худро дубора тасдиқ кунанд ва дигар ҳуқуқи қабули қарорро ба дигарон вогузор накунанд", - изҳор дошт раҳбари нерӯи сиёсии мухолифин. Дар бораи роҳбарияти ИА сиёсатмадор нақл карда, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва ҳамкорони ӯро "шахсони вазни назарраси сиёсӣ надошта" номид, ки ба андешаи ӯ, метавонанд "зарари ҷиддӣ расонанд".Тоскано дар посух ба савол дар бораи мавқеи Киев дар музокироти сулҳ изҳор дошт, ки ҷониби Украина "ҳеҷ гоҳ қаблан ягон корти воқеӣ надошт"."Киев натиҷаи сиёсати беинсофонаи Ғарб аст, ки муддати тӯлонӣ аз фишангҳои гуногун барои тағйири қудрат дар кишварҳои ҳаммарзи Русия истифода бурда, мехостанд шикасти стратегӣ расонанд.Ин давра ба охир расид: ҳоло вақти "инқилобҳои ранга" ва барангехтани низоъҳое нест, ки барои нигоҳ доштани қудрат дар дасти як гурӯҳи хурди одамон дар Ғарб хизмат мекунанд", - афзуд ӯ.
https://sputnik.tj/20260204/asos-oshkor-tramp-rusiya-1075009193.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1c/1074858962_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_5efe41bb864cd5d817f679c5b7d6e220.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
буҳрон, украина, ҳал
Cиёсатмадори итолиёвӣ эҳтимолияти ҳалли низоъ дар Украинаро арзёбӣ кард
Сиёсатмадори итолиёвӣ Тоскано мегӯяд, ки сулҳ дар Украина имконпазир аст, агар Иттиҳоди Аврупо ба ин халал нарасонад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ҳалли пойдор ва устувори низоъ дар Украина имконпазир аст, агар Иттиҳоди Аврупо ба раванди сулҳ халал нарасонад.
Дар ин бора, президент ва ҳаммуассиси ҳизби итолиёвии "Демократияи мардумии соҳибихтиёр" Франческо Тоскано, гуфт.
"Ғояи сулҳи пойдор ва устувор дар Украина танҳо вақте пайдо мешавад, ки Иттиҳоди Аврупо ба он зарар расонда натавонад, чунки Иттиҳоди Аврупо ҳамчун як сохтор мақоми худро аз даст додааст", - гуфт ӯ.
Ба андешаи ӯ, дар дохили сохторҳои ИА "нерӯи аз назорат беруншуда" амал мекунад, ки "бар пояи суханрониҳои таҳрикии қалбакӣ вуҷуд дорад".
Сиёсатмадор Иттиҳоди Аврупоро "сохтори хатарнок" номид, ки ба гуфтаи ӯ, "асоси мавҷудияти худро дар ҷаҳони тағйирёбанда аз даст додааст".
"Ин як сохтори кӯҳна аст. Мо бояд ба нақши пешбари давлатҳои алоҳида баргардем, ки бояд қудрати қабули қарорҳои дохилии худро дубора тасдиқ кунанд ва дигар ҳуқуқи қабули қарорро ба дигарон вогузор накунанд", - изҳор дошт раҳбари нерӯи сиёсии мухолифин.
Дар бораи роҳбарияти ИА сиёсатмадор нақл карда, раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен ва ҳамкорони ӯро "шахсони вазни назарраси сиёсӣ надошта" номид, ки ба андешаи ӯ, метавонанд "зарари ҷиддӣ расонанд".
Тоскано дар посух ба савол дар бораи мавқеи Киев дар музокироти сулҳ изҳор дошт, ки ҷониби Украина "ҳеҷ гоҳ қаблан ягон корти воқеӣ надошт".
"Киев натиҷаи сиёсати беинсофонаи Ғарб аст, ки муддати тӯлонӣ аз фишангҳои гуногун барои тағйири қудрат дар кишварҳои ҳаммарзи Русия истифода бурда, мехостанд шикасти стратегӣ расонанд.
Ин давра ба охир расид: ҳоло вақти "инқилобҳои ранга" ва барангехтани низоъҳое нест, ки барои нигоҳ доштани қудрат дар дасти як гурӯҳи хурди одамон дар Ғарб хизмат мекунанд", - афзуд ӯ.