https://sputnik.tj/20260203/aholii-tojikiston-dastrasi-obi-tozai-nushoki-1074976490.html
Наздик ба 3 миллион аҳолии Тоҷикистон дастрасӣ ба оби тозаи нӯшоки надоранд
Наздик ба 3 миллион аҳолии Тоҷикистон дастрасӣ ба оби тозаи нӯшоки надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон хабар дод, ки беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
2026-02-03T11:42+0500
2026-02-03T11:42+0500
2026-02-03T11:42+0500
дар тоҷикистон
оби нӯшокӣ
аҳолӣ
ҷомеа
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/08/1029250887_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_6bdc5b1966a99e7119f4acafe83b0308.jpg
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Соли 2025 аз шумораи 10 миллиону 200 ҳазор аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 67,3 фоиз ё ин ки 7 миллиону 6 ҳазор нафар бо оби тозаи нӯшокии мутамарказонида таъмин гардид.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода хабар дод.Вай гуфт, ки дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дар маҷмуъ 67,3%-ро ташкил медиҳад.“Он дар маркази шаҳру ноҳияҳо 90,7 фоиз ва дар деҳот 57,8 фоизро дар бар мегирад”, - қайд кард мақомдори тоҷик.Дар ҳамин ҳол масъулони ин ниҳоди давлатӣ қайд карданд, ки дастрасии аҳолӣ ба об ҳамасола 2-3 дарсад меафзод.Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъминоти оби нӯшокиро ба 831 миллион метри мукааб расонида, хизматрасонии обҳои партовро ба андозаи 25 миллиону 500 метри мукааб иҷро намуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7 миллиону 731 метри мукааб зиёд мебошад.Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки “марҳила ба марҳила дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданиро зиёд менамоем”.Дар нишасти хабарии пешин роҳбарияти ин Кумита гуфта буданд, ки мувофиқи як барнома давлатӣ, ки онро Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад, бояд сокинони шаҳру деҳоти кишвар то ҳашт соли оянда бо оби тозаи ошомиданӣ ва обҳои рафъи партов (канализатсия) пурра таъмин гарданд.
https://sputnik.tj/20250221/baor-strategiyai-obi-tojikiston-bahoguzori-kard-1066320932.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/08/1029250887_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_5e5c84d035a2f3c05eb1ca192f871723.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, оби нӯшокӣ, об, таъмин, аҳолӣ, оби тоза, мақомот, хоҷагии манзилию коммуналӣ
тоҷикистон, оби нӯшокӣ, об, таъмин, аҳолӣ, оби тоза, мақомот, хоҷагии манзилию коммуналӣ
Наздик ба 3 миллион аҳолии Тоҷикистон дастрасӣ ба оби тозаи нӯшоки надоранд
Раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон хабар дод, ки беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Соли 2025 аз шумораи 10 миллиону 200 ҳазор аҳолии ҷумҳурӣ ҳамагӣ 67,3 фоиз ё ин ки 7 миллиону 6 ҳазор нафар бо оби тозаи нӯшокии мутамарказонида таъмин гардид.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода хабар дод.
Вай гуфт, ки дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дар маҷмуъ 67,3%-ро ташкил медиҳад.
“Он дар маркази шаҳру ноҳияҳо 90,7 фоиз ва дар деҳот 57,8 фоизро дар бар мегирад”, - қайд кард мақомдори тоҷик.
Дар ҳамин ҳол масъулони ин ниҳоди давлатӣ қайд карданд, ки дастрасии аҳолӣ ба об ҳамасола 2-3 дарсад меафзод.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 корхонаҳои соҳаи обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови тобеи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъминоти оби нӯшокиро ба 831 миллион метри мукааб расонида, хизматрасонии обҳои партовро ба андозаи 25 миллиону 500 метри мукааб иҷро намуданд. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 7 миллиону 731 метри мукааб зиёд мебошад.
Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотӣ таъкид кард, ки “марҳила ба марҳила дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданиро зиёд менамоем”.
Дар нишасти хабарии пешин роҳбарияти ин Кумита гуфта буданд, ки мувофиқи як барнома давлатӣ, ки онро Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад, бояд сокинони шаҳру деҳоти кишвар то ҳашт соли оянда бо оби тозаи ошомиданӣ ва обҳои рафъи партов (канализатсия) пурра таъмин гарданд.