Дар Тоҷикистон гардиши маводи нашъаовар якбора афзудааст

© Sputnik / Олег Золото / Гузариш ба медиабонкПакетики с дозами наркотических веществ, архивное фото
Пакетики с дозами наркотических веществ, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2026
Обуна шудан
Афзоиши гардиши муомилоти маводи мухадди дар як соли гузашта ба 21% расидааст, мегӯяд Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар афзудааст.
Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовар, генерал-майор Самад Зафар дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, соли 2025 5 тоннаву 280 кило маводи мухаддир мусодира шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024 21% ва ё 898 килою 835 грам зиёд аст.
Самад Зафар зикр намуд, ки давоми соли 2024 ҳамагӣ 839 ҷинояти марбути маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2025 ба 1003 ҷиноят баробар буд.
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2025
Дар Осиёи Марказӣ ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир афзоиш ёфтаанд
Ба гуфтаи ӯ сатҳи чунин чиноят низ дар соли қаблӣ 164 ҳолат бештар шудааст.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон афзуд, ки дар ин давра гардиши моддаҳои психотропи бештар шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, аз миқдори умумии мусодирашуда, 253 килою 417 грамро моддаҳои психотропӣ ташкил медиҳанд, нисбат ба соли 2024-ум 142 кило ва ё тақрибан 2 маротиба зиёд мебошад.
Аз ин 247 кило ё 97% метамфетамин будааст, ки назар ба соли қаблияш 2,3% ё 141 кг бештар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0