https://sputnik.tj/20260202/sumi-qatora-jangiyon-tekhnika-artish-ukraina-1074967678.html
Дар вилояти Сумӣ ду қатора бо ҷангиён ва техникаи артиши Украина нобуд карда шуд
Дар вилояти Сумӣ ду қатора бо ҷангиён ва техникаи артиши Украина нобуд карда шуд
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Конотоп ду қатораеро бо ҷангиёни Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд
2026-02-02T18:21+0500
2026-02-02T18:21+0500
2026-02-02T18:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
ҷанг
қатор
низоъ
артиши русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/13/1073073132_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_4bf3d1473b24b53b0db31cd3115487a6.jpg
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Тавре аз сохторҳои низомии Русия хабар доданд, нерӯҳои Русия ду қатораеро, ки барои артиши Украина нерӯҳои тақвиятӣ интиқол медоданд, дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Конотоп дар вилояти Сумӣ нобуд карданд."Ду қатора бо низомиён ва техникаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Конотоп дар вилояти Сумӣ нобуд карда шуданд", - хабар дод манбаъ.Ба иттилои манбаъ, нерӯҳо ва таҷҳизот барои тақвияти хатҳои дифоъӣ равона буданд.Ҳафтаи гузашта гурӯҳи "Шимол" деҳаҳои Белая Береза дар вилояти Сумӣ ва Старитса дар вилояти Харковро озод кард. Тибқи гузориши Вазорати дифоъ, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар минтақаи масъулияти гурӯҳ беш аз 950 сарбоз, панҷ мошини ҷангии зиреҳпӯш, 74 мошин ва ҳашт тӯпхонаи саҳроиро аз даст доданд. Се истгоҳи муқовимати радиоэлектронӣ ва зиддитӯхонаӣ ва 11 анбори лавозимоти ҷангӣ низ нобуд карда шуданд.Ёдовар мешавем, ки Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард. Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад. Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.
https://sputnik.tj/20260202/artishi-rusiya-zelenoe-kharkov-obu-havo-istifoda-1074961438.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/13/1073073132_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_9d73cd400cd7010cdcbb2debec4a9f7c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, артиш, ҷангиён, техника, қатор, нобуд, артиши русия
украина, амалиёти вижа, артиш, ҷангиён, техника, қатор, нобуд, артиши русия
Дар вилояти Сумӣ ду қатора бо ҷангиён ва техникаи артиши Украина нобуд карда шуд
Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Конотоп ду қатораеро бо ҷангиёни Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд
ДУШАНБЕ, 2 фев – Sputnik. Тавре аз сохторҳои низомии Русия хабар доданд, нерӯҳои Русия ду қатораеро, ки барои артиши Украина нерӯҳои тақвиятӣ интиқол медоданд, дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Конотоп дар вилояти Сумӣ нобуд карданд.
"Ду қатора бо низомиён ва техникаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Конотоп дар вилояти Сумӣ нобуд карда шуданд", - хабар дод манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, нерӯҳо ва таҷҳизот барои тақвияти хатҳои дифоъӣ равона буданд.
Ҳафтаи гузашта гурӯҳи "Шимол" деҳаҳои Белая Береза дар вилояти Сумӣ ва Старитса дар вилояти Харковро озод кард. Тибқи гузориши Вазорати дифоъ, Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина дар минтақаи масъулияти гурӯҳ беш аз 950 сарбоз, панҷ мошини ҷангии зиреҳпӯш, 74 мошин ва ҳашт тӯпхонаи саҳроиро аз даст доданд. Се истгоҳи муқовимати радиоэлектронӣ ва зиддитӯхонаӣ ва 11 анбори лавозимоти ҷангӣ низ нобуд карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.