Вазорат: сифати таълим дар Тоҷикистон беҳтар шудааст

© Пресс-служба президента ТаджикистанаУченики школы в Душанбе
Ученики школы в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон дар оянда нақша дорад, ки арзёбии сифати таҳсилро тариқи Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон ба роҳ монад
ДУШАНБЕ, 1 фнандагон - Sputnik. Сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон ба 37,9% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 94,4% баробар шуд.
Ин дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли таҳсили 2024-2025 аз рӯи сифати таҳсилот 2,8% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ 1,3% баланд гардидааст, иттилоъ дод Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Арзёбии таҳсилоти олии касбӣ дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2025-2026 муайян намуд, ки сифати таҳсилот ба 45,2% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 86% баробар шудааст, афзуд манбаъ.
"Натиҷаи мониторинги шуъбаҳои идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2025-2026 муайян намуд, ки сифати таҳсилот ба 45,2% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 86% баробар шудааст",- афзудааст вазорат.
Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури кишвар дар гузашта бо интқод ба сифати таҳсил дар кишвар гуфта буд, ки он ба талаботи меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ ҷавобгӯй нест.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи стандартҳо агар нишондиҳандаи сифати таҳсилот то 50%-ро ташкил диҳад, ғайриқаноатбахш ҳисобида мешавад.
Открытие Университетской гимназии МГУ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.01.2026
Беш аз нисфи донишҷӯёни тоҷик дар Русия аз ҳисоби буҷаи кишвари мизбон таҳсил мекунанд
Ба иттилои вазорат, бо ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ соли 2025 бори аввал хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар Барномаи байналмилалии арзёбии дастовардҳои таълимии хонандагон иштирок карданд, ки натиҷаи он соли 2026 аз ҷониби Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон – PISA пешниҳод мегардад.
Инчунин, вазорат барои иштирок дар соли 2029 ба маркази Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон – PISA дархост ирсол намудааст.
Таъкид мешавад, ки соли 2026 иштироки хонандагони синфи 4-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар арзёбии байналмилалии PIRLS (Тадқиқоти байналмилалии сифати хониш ва дарки матн) ба нақша гирифта шудааст, ки даври озмоишии он соли 2025 гузаронида шуд.
Лентаи хабарҳо
0