https://sputnik.tj/20260201/vazorat-khabar-khona-gashtan-tabibon-noshinosro-durugh-1074938409.html
Бовар накунед: Вазорати хабари хона ба хона гаштани табибони ношиносро дурӯғ хонд
Бовар накунед: Вазорати хабари хона ба хона гаштани табибони ношиносро дурӯғ хонд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандони мамлакат даъват кардааст, ки ба чунин хабару овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд
2026-02-01T12:03+0500
2026-02-01T12:03+0500
2026-02-01T12:03+0500
вазорати тандурустӣ
дар тоҷикистон
такзиби хабар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0d/1065845554_0:196:2723:1728_1920x0_80_0_0_c27e9fb97702a7c1334d6261852724b1.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Овозаҳо дар бора гаштугузори як гуруҳ табибони ношинос миёни аҳолии Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.Дар ин бора Вазорати тандурустии кишвар изҳороти расмӣ дода, таъкид кардааст, ки паҳн кардани чунин овозаву ҳангомаҳои бардурӯғ танҳо бо мақсади дар таҳлука афтонидани шаҳрвандон аз ҷониби афроди ғаразнок ва манфиатҷӯ мебошад.Маврид ба зикр аст, ки ҳоло дар шабакаи иҷтимоии “Вотсап” сабти овозии як зане, ки шахсияташ номаълум мебошад, доир ба фаълияти як гурӯҳ табибони номаълум ва паҳн кардани бемории хавфноке дар кишвар дар гардиш қарор дорад.Ин зан иддао мекунад, ки гуё имрӯзҳо дар Тоҷикистон як гурӯҳ худро табиб гуфта, бо либосу лавозимоти тиббӣ ва бо баҳонаҳои санҷидани вазъи саломатии шаҳрвандон хона ба хона гашта, бо ин роҳ кадом бемории сироятро паҳн мекардаанд.Дар идомаи сабти овозии хеш ин зан иброз медорад, ки гӯё дар вилоятҳои мамлакат “ҳолати изтирорӣ” эълон гардида, одамони зиёде тақсим гаштаанд, ки дар натиҷа кадом беморӣ ва ё сироятеро паҳн менамудаанд.Ин ниҳод таъкид менамояд, ки табибони оилавии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида баҳри гузаронидани иммунизатсия, назорати занони ҳомила ва дигар корҳои ба фаъолияташон алоқаманд дар минтақаҳои барояшон вобастагашта пайваста хона ба хона гардиш анҷом медиҳанд, ки дар навбати худ сокинон табибони маҳаллаи худро хуб мешиносанд.Вазорати аз шаҳрвандони мамлакат даъват кардааст, ки ба чунин хабару овозаҳои бардурӯғ бовар накарда, дар ҳолати пайдо шудани масъалаҳои хеш доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ саривақт ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.
https://sputnik.tj/20260116/vazorat-tandurusti-ovoza-doru-rusi-rad-1074574586.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/0d/1065845554_0:0:2458:1844_1920x0_80_0_0_6aee442c733395993fe40ac24ddaeb5d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорат хабар хона гаштан табибон ношинос дурӯғ
вазорат хабар хона гаштан табибон ношинос дурӯғ
Бовар накунед: Вазорати хабари хона ба хона гаштани табибони ношиносро дурӯғ хонд
Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандони мамлакат даъват кардааст, ки ба чунин хабару овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд
ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Овозаҳо дар бора гаштугузори як гуруҳ табибони ношинос миёни аҳолии Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.
Дар ин бора Вазорати тандурустии кишвар изҳороти расмӣ дода, таъкид кардааст, ки паҳн кардани чунин овозаву ҳангомаҳои бардурӯғ танҳо бо мақсади дар таҳлука афтонидани шаҳрвандон аз ҷониби афроди ғаразнок ва манфиатҷӯ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳоло дар шабакаи иҷтимоии “Вотсап” сабти овозии як зане, ки шахсияташ номаълум мебошад, доир ба фаълияти як гурӯҳ табибони номаълум ва паҳн кардани бемории хавфноке дар кишвар дар гардиш қарор дорад.
Ин зан иддао мекунад, ки гуё имрӯзҳо дар Тоҷикистон як гурӯҳ худро табиб гуфта, бо либосу лавозимоти тиббӣ ва бо баҳонаҳои санҷидани вазъи саломатии шаҳрвандон хона ба хона гашта, бо ин роҳ кадом бемории сироятро паҳн мекардаанд.
Дар идомаи сабти овозии хеш ин зан иброз медорад, ки гӯё дар вилоятҳои мамлакат “ҳолати изтирорӣ” эълон гардида, одамони зиёде тақсим гаштаанд, ки дар натиҷа кадом беморӣ ва ё сироятеро паҳн менамудаанд.
“Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қотеъият иброз медорад, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надошта, дар кишвар ҳеҷ гурӯҳи номаълуми табибон фаъолият намекунад”,- таъкид кардааст Вазорат.
Ин ниҳод таъкид менамояд, ки табибони оилавии муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида баҳри гузаронидани иммунизатсия, назорати занони ҳомила ва дигар корҳои ба фаъолияташон алоқаманд дар минтақаҳои барояшон вобастагашта пайваста хона ба хона гардиш анҷом медиҳанд, ки дар навбати худ сокинон табибони маҳаллаи худро хуб мешиносанд.
Вазорати аз шаҳрвандони мамлакат даъват кардааст, ки ба чунин хабару овозаҳои бардурӯғ бовар накарда, дар ҳолати пайдо шудани масъалаҳои хеш доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ саривақт ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.