https://sputnik.tj/20260201/sozanda-rusiya-ima-ukraina-muzokirot-anjom-1074947451.html
Созанда буд: Русия ва ИМА дар бораи Украина музокирот анҷом доданд
Созанда буд: Русия ва ИМА дар бораи Украина музокирот анҷом доданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳарду ҷониб хусусияти самараноки тамосҳо ва талошҳои миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳидаро, ки барои ҳалли низоъ равона шудаанд, қайд карданд. 01.02.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-02-01T18:33+0500
2026-02-01T18:33+0500
2026-02-01T18:52+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
сиёсат
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/13/1072228046_0:0:1350:759_1920x0_80_0_0_df45a965902ea2d49dac9319159c2d4e.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Фиристодаи махсуси президенти ИМА Стивен Уиткофф гуфтушунидҳояш бо Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия, дар Майами ситоиш кард."Имрӯз дар Флорида, намояндаи махсуси Русия Кирилл Дмитриев, дар доираи талошҳои миёнҷигарии Вашингтон, ки ба ҳалли осоиштаи низои Украина нигаронида шудаанд, мулоқотҳои пурсамар ва созанда анҷом дод", - навиштааст ӯ дар платформаи шабакаҳои иҷтимоӣ X.Дар ин мулоқот фиристодаҳои вижаи роҳбарони ду кишвар, Кирилл Дмитриев ва Стив Уиткофф иштирок доштанд. Ҳарду ҷониб хусусияти самараноки тамосҳо ва талошҳои миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳидаро, ки барои ҳалли низоъ равона шудаанд, қайд карданд. Ҳайати ИМА инчунин котиби хазинадорӣ Скотт Бессент, домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер ва мушовири калони Кохи Сафед ва комиссари Хадамоти федералии хариди Маъмурияти хидматрасонии умумӣ Ҷош Груенбаумро дар бар мегирифт. Музокирот дар бораи УкраинаҲафтаи гузашта аввалин нишасти гурӯҳи кории сеҷониба оид ба масъалаҳои амниятӣ, ки намояндагони Маскав, Киев ва Вашингтонро дар бар мегирифт, дар Абу-Дабӣ баргузор шуд.Дар паси дарҳои баста ҷонибҳо масъалаҳои ҳалношудаи нақшаи сулҳи ИМА-ро баррасӣ карданд. Мулоқоти нан имрӯз 1 феврал ба нақша гирифта шудааст.Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ташаббуси ИМА дар аввал интиқоли тамоми Донбасс ба назорати Маскав, эътироф кардани он ва Қрим ҳамчун қаламравҳои Русия, мунҷамид кардани аксари хати тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон, ду баробар кам кардани шумораи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ва манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ ва силоҳҳои дурпарвоз дар Украинаро дар бар мегирифт.Пеш аз музокирот дар Абу-Дабӣ мулоқоти Владимир Путин ва ҳайати Амрико таҳти роҳбарии фиристодаи махсуси Доналд Трамп, Стивен Уиткофф баргузор шуд.Тавре ки ёвари президент Юрий Ушаков қайд кард, амрикоиҳо эътироф карданд, ки бидуни ҳалли масъалаи қаламравӣ мувофиқи формулаи мувофиқашуда дар Анкориҷ, умеде барои ҳалли дарозмуддат вуҷуд надорад. Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина бояд аз Донбасс берун раванд - ин шарти муҳим барои Маскав аст.
https://sputnik.tj/20260129/gharb-naqsha-makhfi-kiev-muzokirot-oshko-1074870290.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/13/1072228046_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_7a51c4724df204fded17ab49e1b49846.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия има украина музокирот
русия има украина музокирот
Созанда буд: Русия ва ИМА дар бораи Украина музокирот анҷом доданд
18:33 01.02.2026 (Навсозишуда: 18:52 01.02.2026) Ҳарду ҷониб хусусияти самараноки тамосҳо ва талошҳои миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳидаро, ки барои ҳалли низоъ равона шудаанд, қайд карданд.
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Фиристодаи махсуси президенти ИМА Стивен Уиткофф гуфтушунидҳояш бо Кирилл Дмитриев, роҳбари Фонди сармоягузории мустақими Русия, дар Майами ситоиш кард.
"Имрӯз дар Флорида, намояндаи махсуси Русия Кирилл Дмитриев, дар доираи талошҳои миёнҷигарии Вашингтон, ки ба ҳалли осоиштаи низои Украина нигаронида шудаанд, мулоқотҳои пурсамар ва созанда анҷом дод", - навиштааст ӯ дар платформаи шабакаҳои иҷтимоӣ X.
Дар ин мулоқот фиристодаҳои вижаи роҳбарони ду кишвар, Кирилл Дмитриев ва Стив Уиткофф иштирок доштанд.
Ҳарду ҷониб хусусияти самараноки тамосҳо ва талошҳои миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳидаро, ки барои ҳалли низоъ равона шудаанд, қайд карданд.
"Мо аз ин мулоқот ва кори Русия барои таъмини сулҳ дар Украина руҳбаланд шудем", - гуфт инчунин Уиткофф.
Ҳайати ИМА инчунин котиби хазинадорӣ Скотт Бессент, домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер ва мушовири калони Кохи Сафед ва комиссари Хадамоти федералии хариди Маъмурияти хидматрасонии умумӣ Ҷош Груенбаумро дар бар мегирифт.
Музокирот дар бораи Украина
Ҳафтаи гузашта аввалин нишасти гурӯҳи кории сеҷониба оид ба масъалаҳои амниятӣ, ки намояндагони Маскав, Киев ва Вашингтонро дар бар мегирифт, дар Абу-Дабӣ баргузор шуд.
Дар паси дарҳои баста ҷонибҳо масъалаҳои ҳалношудаи нақшаи сулҳи ИМА-ро баррасӣ карданд. Мулоқоти нан имрӯз 1 феврал ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ташаббуси ИМА дар аввал интиқоли тамоми Донбасс ба назорати Маскав, эътироф кардани он ва Қрим ҳамчун қаламравҳои Русия, мунҷамид кардани аксари хати тамос дар минтақаҳои Запороже ва Херсон, ду баробар кам кардани шумораи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ва манъи ҷойгиркунии нерӯҳои хориҷӣ ва силоҳҳои дурпарвоз дар Украинаро дар бар мегирифт.
Пеш аз музокирот дар Абу-Дабӣ мулоқоти Владимир Путин ва ҳайати Амрико таҳти роҳбарии фиристодаи махсуси Доналд Трамп, Стивен Уиткофф баргузор шуд.
Тавре ки ёвари президент Юрий Ушаков қайд кард, амрикоиҳо эътироф карданд, ки бидуни ҳалли масъалаи қаламравӣ мувофиқи формулаи мувофиқашуда дар Анкориҷ, умеде барои ҳалли дарозмуддат вуҷуд надорад. Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина бояд аз Донбасс берун раванд - ин шарти муҳим барои Маскав аст.