
Дар Душанбе як ҷашни пурҷӯшу хурӯш ва рамзии қадима баргузор шуд. Ҷашнвора анҷоми наздики фасли сармо ва фарорасии баҳорро нишон медиҳад.

Номи ҷашни Садаро маъмулан ба рақами сад, яъне панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб то Наврӯз рабт медиҳанд, аммо ба андешаи баъзе донишмандони дигар Сада аз вожаи "санд"-и авестоӣ гирифта шуда, маънои падид омадан, равшан шудан ва зоҳир гардиданро ифода мекунад, ки иртибот ба равшанию гармӣ дорад

Ҳама чиз дар ороишоти идонаи боғи Фирдавсӣ аз наздик шудани мавсими кишт шаҳодат медод.

Зеро Сада пеш аз ҳама ҷашни деҳқононе аст, ки аз ин вақт сар карда заминро барои кишт омода мекунанд.

Кадом ид дар Тоҷикистон бе суруду рақс аст? Сада низ истисно набуд. Барои меҳмонон барномаи хубе ташкил карда шуд.

Ҳунармандон либосҳои ҳокимони қадимии тоҷик-форсро ба бар кардаанд.

Нуктаи авҷи ид афрӯхтани оташ шуд. Оташ рамзи дигари ид буда, маънои гармӣ ва рӯшноиро дорад.

Илова бар чорабиниҳои идона, меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ аз минтақаҳои гуногун ва тӯҳфаҳои гуногун баҳра бурданд.

Ҳамчунин дар ҷашнвора як дастархони калон бо даҳҳо ғизоҳои миллӣ ороста шуда буд.

Одатан, чунин чорабиниҳо чанд рӯз давом мекунанд ва на танҳо дар байни сокинони оддӣ, балки дар байни деҳқонон ва боғбонон низ маъмуланд.

Ҳар як тамошобин тавонистанд аз офаридаҳои ҳунармандони тоҷик баҳра баранд.

Дар рӯзҳои Сада мардум анъанаҳои неки миллатро такмил медиҳанд ва фарҳанги миллии тоҷиконро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд.