https://sputnik.tj/20260129/kharidoron-asosi-barq-tojikiston-malum-1074869893.html
Харидорони асосии барқи Тоҷикистон маълум шуд: кӣ дар ҷои аввал
Харидорони асосии барқи Тоҷикистон маълум шуд: кӣ дар ҷои аввал
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар фурӯши барқи Тоҷикистон дар соли гузашта ба хориҷ афзоиш ёфтааст
2026-01-29T12:11+0500
2026-01-29T12:11+0500
2026-01-29T12:21+0500
"барқи тоҷик"
дар тоҷикистон
вазорати энергетика ва захираҳои об
энергетика
фурӯш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_0:0:3135:1764_1920x0_80_0_0_a9c4ada1ed018560ad57732dfde93004.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв - Sputnik. Соли 2025 Тоҷикистон ба ҳаҷми 5 млрд 356,1 млн кВт·соат барқ содир кардааст.Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 ба андозаи 1 млрд 454,4 млн кВт·соат ё 37,3% зиёд аст, афзудааст Вазорати энергетика.Аз ин миқдор, содироти тиҷоратии энергияи барқ 2 млрд 666,4 млн кВт·соат ё 912,8 млн сомониро (аз ҷумла, 5,1 млн кВт·соат ё 2 млн сомонӣ аз ҳисоби ҶСК "Помир Энерҷӣ") ташкил дода, нисбат ба соли 2024 ба андозаи 188 млн кВт·соат ё 7,6% зиёд мебошад.Таъкид шудааст, ки беш аз 90% нерӯи барқ дар давраи зиёд гардидани резиши об дар моҳҳои апрел-сентябр содир шудааст.Бино ба гузориши Вазорати энержии Тоҷикистон Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон харидорони асосии барқи тоҷик мебошанд.Ин кишварҳо ба қимати 913,3 млн сомонӣ аз Тоҷикистон барқ харидаанд.Фурӯши барқ ба хориҷ чунин аст: Ин муддат дар ҷумҳурӣ 23 млрд 982,6 млн кВт·соат барқ истеҳсол шудааст. Ба гузориши Вазорати энергетика, ин нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 1 554,9 млн кВт·соат ё 6,5 % зиёд мебошад.Ба гуфтаи масъулони вазорати энергетика, афзоиши тавлидот дар натиҷаи фаъолияти муассири ширкатҳои энержӣ ва иҷрои як қатор тарҳҳои бузург дар ин соҳа будааст.
https://sputnik.tj/20251210/barqi-tojik-sathi-ob-obanbori-norak-1073687477.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039793582_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_1c07bf4ecbc2c6a4d0d8f4bcb3a9f7c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
харидор, асосӣ, барқ, тоҷикистон
харидор, асосӣ, барқ, тоҷикистон
Харидорони асосии барқи Тоҷикистон маълум шуд: кӣ дар ҷои аввал
12:11 29.01.2026 (Навсозишуда: 12:21 29.01.2026) Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар фурӯши барқи Тоҷикистон дар соли гузашта ба хориҷ афзоиш ёфтааст. Дар ҷои аввал аз рӯи содирот Афғонистон қарор дорад
ДУШАНБЕ, 29 янв - Sputnik. Соли 2025 Тоҷикистон ба ҳаҷми 5 млрд 356,1 млн кВт·соат барқ содир кардааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 ба андозаи 1 млрд 454,4 млн кВт·соат ё 37,3% зиёд аст, афзудааст Вазорати энергетика.
Аз ин миқдор, содироти тиҷоратии энергияи барқ 2 млрд 666,4 млн кВт·соат ё 912,8 млн сомониро (аз ҷумла, 5,1 млн кВт·соат ё 2 млн сомонӣ аз ҳисоби ҶСК "Помир Энерҷӣ") ташкил дода, нисбат ба соли 2024 ба андозаи 188 млн кВт·соат ё 7,6% зиёд мебошад.
Таъкид шудааст, ки беш аз 90% нерӯи барқ дар давраи зиёд гардидани резиши об дар моҳҳои апрел-сентябр содир шудааст.
Бино ба гузориши Вазорати энержии Тоҷикистон Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон харидорони асосии барқи тоҷик мебошанд.
Ин кишварҳо ба қимати 913,3 млн сомонӣ аз Тоҷикистон барқ харидаанд.
Фурӯши барқ ба хориҷ чунин аст:
Афғонистон – 1 млрд 760,3 млн кВт·соат ба маблағи 742,3 млн сомонӣ;
Ӯзбекистон – 894,7 млн кВт·соат ба маблағи 169,8 млн сомонӣ;
Қирғизистон – 11,5 млн кВт·соат ба маблағи 1,2 млн сомонӣ.
Ин муддат дар ҷумҳурӣ 23 млрд 982,6 млн кВт·соат барқ истеҳсол шудааст. Ба гузориши Вазорати энергетика, ин нисбат ба соли 2024 дар ҳаҷми 1 554,9 млн кВт·соат ё 6,5 % зиёд мебошад.
Ба гуфтаи масъулони вазорати энергетика, афзоиши тавлидот дар натиҷаи фаъолияти муассири ширкатҳои энержӣ ва иҷрои як қатор тарҳҳои бузург дар ин соҳа будааст.