Русия ҷузъиёти созишнома дар бораи тиҷоратӣ озод миёни ИИАО ва Ҳиндустонро расонаӣ кард

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкМонумент "Ворота Индии" в Нью-Дели.
Монумент Ворота Индии в Нью-Дели. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2026
Обуна шудан
Вазорати рушди иқтисоди Русия нозукиҳои созишномаи минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Ҳиндустонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Ба имзо расидани созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Ҳиндустон шароити мусоидро барои таъминкунандагони русӣ дар бозори Ҳиндустон баробар мекунад.
Дар ин бора Вазорати рушди иқтисодии Русия ба нашрияи "Известия" хабар додааст.
"Мо боварӣ дорем, ки бастани созишнома байни ИИАО ва Ҳиндустон на танҳо тиҷорати мутақобилаи моро бо Деҳлии нав гуногун ва густариш медиҳад, балки инчунин барои содиркунандагони Русия дар бозори Ҳиндустон майдони мусоид фароҳам месозад", - таъкид кард вазорат.
Ба иттилои вазорати рушди иқтисод, қайд кард, ки гузаронидани музокироти мувозӣ бо шарикони сершумор як амалияи маъмулӣ аст.
Башня Азади в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2026
Рушди 16 дарсадии содироти Эрон ба ИИАО
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (русӣ ЕвроАзэс) – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0