https://sputnik.tj/20260128/khizmatrasonii-baytoron-bepul-1074833373.html
Хизматрасонии байторон бепул шуд
Хизматрасонии байторон бепул шуд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон аз лағви хизматрасонии пулакӣ барои ваксинагузаронии ҳайвоноти хонагӣ хабар дод
2026-01-28T09:36+0500
2026-01-28T09:36+0500
2026-01-28T09:36+0500
дар тоҷикистон
озуқаворӣ
хизматрасонӣ
ройгон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1b/1074834341_0:320:3071:2047_1920x0_80_0_0_a92cc8515da286692b358b16b7f0cc3f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Қабл аз ин байторон барои гузаронидани ваксина ба ҳайвоноти хонагӣ маблағ мегирифтанд.Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, маблағе, ки мардум то оғози соли равон ба байторон пардохт мекарданд, на пули ваксина, балки ҳаққи хидмати онҳо буд, ки шуруъ аз соли равон ин ҳақмузд низ лағв шуд.Вай афзуд, ваксинаҳои харидоришуда ба ниҳодҳои маҳаллии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру навоҳӣ тавзеъ шуда, идомаи корҳоро байторон иҷро мекунанд.“Фаъолияти байторон пурра таҳти назорат қарор дошта, натиҷаи кори онҳо бо далелу мадорик мустанад мешавад”, - гуфт раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон.Тибқи иттилои Кумита, соли гузашта 662 ҳазору 700 чорвои хурду бузург аз ташхиси байторони ин ниҳод гузаронида шуда, 1068 сар чорвои мариз, аз ҷумла буғумдард (710), сӯхтанӣ (4), ҳорӣ (285) ва хламидиоз (168), ошкор шудаанд.Дар соли 2025 ба маблағи 4 миллиону 800 ҳазор доллар аз ҳисоби фонди ҳукумати Тоҷикистон ва 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби захираҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ваксинаи ҳайвоноти хонагӣ харидорӣ шудааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/44491
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1b/1074834341_12:0:2741:2047_1920x0_80_0_0_f4e1a86d48df12ea118b7f395e75dde2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бойторӣ, хизматрасонӣ, ройгон, бепул, озуқаворӣ
тоҷикистон, бойторӣ, хизматрасонӣ, ройгон, бепул, озуқаворӣ
Хизматрасонии байторон бепул шуд
Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон аз лағви хизматрасонии пулакӣ барои ваксинагузаронии ҳайвоноти хонагӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Қабл аз ин байторон барои гузаронидани ваксина ба ҳайвоноти хонагӣ маблағ мегирифтанд.
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, маблағе, ки мардум то оғози соли равон ба байторон пардохт мекарданд, на пули ваксина, балки ҳаққи хидмати онҳо буд, ки шуруъ аз соли равон ин ҳақмузд низ лағв шуд.
“Мо бо фармони махсус ба тасвиб расондем, ки ба хотири солимӣ ва эминии чорвои мардум байторон, бахусус, барои гузаронидани ваксина барои маризиҳои хатарнок, аз ҷумла ҳорӣ, буғумдард, сӯхтанӣ, ҳаққи хизмат нагиранд. Муҳим чорвои мардум солим бошад”, - гуфт Муҳаммадсаид Файзуллозода.
Вай афзуд, ваксинаҳои харидоришуда ба ниҳодҳои маҳаллии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру навоҳӣ тавзеъ шуда, идомаи корҳоро байторон иҷро мекунанд.
“Фаъолияти байторон пурра таҳти назорат қарор дошта, натиҷаи кори онҳо бо далелу мадорик мустанад мешавад”, - гуфт раиси Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон.
Тибқи иттилои Кумита, соли гузашта 662 ҳазору 700 чорвои хурду бузург аз ташхиси байторони ин ниҳод гузаронида шуда, 1068 сар чорвои мариз, аз ҷумла буғумдард (710), сӯхтанӣ (4), ҳорӣ (285) ва хламидиоз (168), ошкор шудаанд.
Дар соли 2025 ба маблағи 4 миллиону 800 ҳазор доллар аз ҳисоби фонди ҳукумати Тоҷикистон ва 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби захираҳои Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ваксинаи ҳайвоноти хонагӣ харидорӣ шудааст.