https://sputnik.tj/20260127/taboduli-kolo-rusiya-tojikiston-afzoish-1074823283.html
Табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли гузашта 24,8% афзоиш ёфт
Табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли гузашта 24,8% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои намояндаи тиҷоратии Русия дар Душанбе тиҷорат миёни Русия ва Тоҷикистон дар авҷ аст ва афзоиши табодули коло аз он шаҳодат медиҳад
2026-01-27T14:21+0500
2026-01-27T14:21+0500
2026-01-27T15:41+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
тиҷорат
табодули мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1b/1074825960_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_329d52f14b7815fb7766119c7883b218.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв— Sputnik. Табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли гузашта 24,8% афзоиш ёфта, ба 2,47 миллиард доллар расидааст.Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Рибас, дар нишасти маҷозӣ, ки дар мавзуи "Тоҷикистон: Натиҷаҳои соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026. Чорабиниҳо ва намоишгоҳҳои асосӣ дар кишвар" бахшида шуджа буд, хабар дод."Афзоиши асосӣ аз ҳисоби содироти маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои муҳандисӣ аз Русия ба Тоҷикистон сурат гирифтааст, дар ҳоле ки аз ҷумҳурӣ маҳсулоти кишоварзӣ ва матоъҳо ба Русия содирот гардидааст", - қайд кард Рибас.Дар ин нишаст беш аз 100 намояндаи тиҷорати Русия, ташкилотҳои илмӣ ва таълимӣ аз 27 минтақаи Русия, ки ба омӯхтани бозори Тоҷикистон ва афзоиши ҳаҷми содирот манфиатдор буданд, иштирок карданд.Оқои Рибас қайд кард, ки афзоиши таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон пеш аз ҳама ба афзоиши мунтазами гардиши моли дуҷониба дар чанд соли охир вобаста аст.Ёдовар мешавем, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то охири соли 2024 ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 15% бештар аст.Қаблан дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, аз тасмими то соли 2030 2,5 баробар афзоиш додани табодули коло миёни кишварҳо хабар дода буд.
https://sputnik.tj/20260126/nihodho-moliya-rusiy-tojikiston-sozishnoma-hamkori-imzo-1074793183.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/1b/1074825960_114:0:2845:2048_1920x0_80_0_0_3ed2b63855b29efd57c0c0af133de2db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, иқтисод, тиҷорат, табодули коло, афзоиш,
тоҷикистон, русия, иқтисод, тиҷорат, табодули коло, афзоиш,
Табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли гузашта 24,8% афзоиш ёфт
14:21 27.01.2026 (Навсозишуда: 15:41 27.01.2026) Ба иттилои намояндаи тиҷоратии Русия дар Душанбе тиҷорат миёни Русия ва Тоҷикистон дар авҷ аст ва афзоиши табодули коло аз он шаҳодат медиҳад
ДУШАНБЕ, 27 янв— Sputnik. Табодули коло миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли гузашта 24,8% афзоиш ёфта, ба 2,47 миллиард доллар расидааст.
Дар ин бора намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Александр Рибас, дар нишасти маҷозӣ, ки дар мавзуи "Тоҷикистон: Натиҷаҳои соли 2025 ва нақшаҳо барои соли 2026. Чорабиниҳо ва намоишгоҳҳои асосӣ дар кишвар" бахшида шуджа буд, хабар дод.
"Афзоиши асосӣ аз ҳисоби содироти маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои муҳандисӣ аз Русия ба Тоҷикистон сурат гирифтааст, дар ҳоле ки аз ҷумҳурӣ маҳсулоти кишоварзӣ ва матоъҳо ба Русия содирот гардидааст", - қайд кард Рибас.
Дар ин нишаст беш аз 100 намояндаи тиҷорати Русия, ташкилотҳои илмӣ ва таълимӣ аз 27 минтақаи Русия, ки ба омӯхтани бозори Тоҷикистон ва афзоиши ҳаҷми содирот манфиатдор буданд, иштирок карданд.
Оқои Рибас қайд кард, ки афзоиши таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон пеш аз ҳама ба афзоиши мунтазами гардиши моли дуҷониба дар чанд соли охир вобаста аст.
Ёдовар мешавем, ки гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон то охири соли 2024 ҳудуди 1,9 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 15% бештар аст.
Қаблан дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, аз тасмими то соли 2030 2,5 баробар афзоиш додани табодули коло миёни кишварҳо хабар дода буд.