Боевое слаживание военнослужащих 123-й мотострелковой бригады группировки Юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нашрияи “FT”: Ба Украина фишор меоранд, ки нерӯҳоияшро аз Донбасс ихроҷ кунад

© REUTERS Serhii KorovainyiУкраинские военнослужащие присутствуют на линии фронта в Донецкой области.
Украинские военнослужащие присутствуют на линии фронта в Донецкой области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2026
Обуна шудан
“Financial Times” менависад, ки Украина таҳти фишори бузурге қарор дорад, то нерӯҳои мусаллаҳашро аз Донбасс берун кашад
ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Рӯзномаи “Financial Times бо истинод ба манбаъҳояш хабар медиҳад, ки Украина таҳти фишори бузурге қарор гирифтааст то Нерӯҳои Мусаллаҳашро аз ҳудуди Донбасс, ки як қисмаш таҳти назораташ қарор дорад, берун кашад.
"Ҳоло ба украинҳо фишори бузурге расонида мешавад", - навиштааст рӯзнома дар истинод ба як манбаи огоҳ.
Тавре ки рӯзнома қайд мекунад, ИМА бар он ақида аст, ки Киев бояд барои ҳалли низоъ Донбассро тарк кунад, аммо Украина омода аст, ки масъалаи ҳудудиро танҳо дар сурате баррасӣ кунад, ки аз Вашингтон кафолати амниятӣ гирад.
30 декабри соли 2025, пас аз мулоқот бо президенти ИМА Доналд Трамп, Владимир Зеленский хуруҷи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украинаро аз Донбасс рад кард.
Боевая подготовка экипажей ИСДМ Земледелие группировки войск Запад в ЛНР  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Герасимов изҳор дошт, ки Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия дар ҳама ҷабҳаҳо пешравӣ доранд
Котиби матбуоти президенти Русия Дмитрий Песков 23 январ изҳор дошт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина бояд Донбассро тарк кунанд, ки ин шарти муҳим барои ҷониби Русия аст.
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков қаблан хуруҷи нерӯҳои Украинаро аз Донбасс ҷузъи муҳими тамоми нақшаи сулҳ номид.
Лентаи хабарҳо
0