https://sputnik.tj/20260126/tojikiston-radabandi-qudrat-nizom-mavqeash-behtar-1074800781.html
Тоҷикистон дар радабандии қудрати низомӣ мавқеашро якбора беҳтар кард
Тоҷикистон дар радабандии қудрати низомӣ мавқеашро якбора беҳтар кард
Sputnik Тоҷикистон
Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар раддабандии қавитарин артишҳои ҷаҳон якбора 8 зимни мавқеяшро беҳтар кард
2026-01-26T15:25+0500
2026-01-26T15:25+0500
2026-01-27T11:42+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
артиш
радабандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/16/1066326968_0:1:1280:721_1920x0_80_0_0_bc553abea94d47243fa8297b730b1759.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Пойгоҳи таҳлилии “Global Firepower” (GFP), ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии наваш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 145 кишвари дунё дар мақоми 100-ум гузоштааст.Соли гузашта ҷумҳурӣ дар ин радабандӣ дар мақоми 108 менишаст ва давоми як сол 8 зина мавқеяшро хубтар кардааст.Гузоришгарон ҳайати низомии кишварро 9 ҳазор арзёбӣ карда, гуфтаанд, маблағгузорӣ ба артиш дарТоҷикистон солона 450 млн долларо ташкил медиҳад.Қайд карда мешавад, ки артиши Тоҷикистон бо 20 чархбол, 38 тонк, 6782 техникаи зиреҳпӯш, 13 тӯбхона ва 20 маҷмааи мушакӣ мусаллаҳ аст.Таъкид мешавад, ки дар нерӯҳои ҳавоии кишвар, як ҳавопаймои нақлиётӣ-ҳарбӣ, чаҳор ҳавопаймои таълимӣ ва 20 чархбол мавҷуд аст.Аз сабаби набудани роҳи мустақим ба баҳр, ҷумҳурӣ флоти баҳрӣ надорад.Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 53 нишаста, Қазоқистон дар мақоми 58, Туркманистон 78, ва Қирғизистон дар зинаи 109 нишастаанд.Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд.Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Ҷопон, Бритониёи Кабир, Туркия ва Италия дохил шуданд. Дар радабандӣ 45 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд. Гузоришгарон, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифтаанд.Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он қудрати онҳо низ ҳисоб шудаанд.Ҳамчунин дар тартиб додани радабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/16/1066326968_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_2dcfcb0e9c2be5e94f5fcc1bef0a5904.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон радабандӣ қудрат низомӣ мавқеаш якбора беҳтар
тоҷикистон радабандӣ қудрат низомӣ мавқеаш якбора беҳтар
Тоҷикистон дар радабандии қудрати низомӣ мавқеашро якбора беҳтар кард
15:25 26.01.2026 (Навсозишуда: 11:42 27.01.2026) Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар раддабандии қавитарин артишҳои ҷаҳон якбора 8 зимни мавқеяшро беҳтар кард
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Пойгоҳи таҳлилии “Global Firepower” (GFP), ки қудрати низомии кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, дар радабандии наваш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро миёни 145 кишвари дунё дар мақоми 100-ум гузоштааст.
Соли гузашта ҷумҳурӣ дар ин радабандӣ дар мақоми 108 менишаст ва давоми як сол 8 зина мавқеяшро хубтар кардааст.
Гузоришгарон ҳайати низомии кишварро 9 ҳазор арзёбӣ карда, гуфтаанд, маблағгузорӣ ба артиш дарТоҷикистон солона 450 млн долларо ташкил медиҳад.
Қайд карда мешавад, ки артиши Тоҷикистон бо 20 чархбол, 38 тонк, 6782 техникаи зиреҳпӯш, 13 тӯбхона ва 20 маҷмааи мушакӣ мусаллаҳ аст.
Таъкид мешавад, ки дар нерӯҳои ҳавоии кишвар, як ҳавопаймои нақлиётӣ-ҳарбӣ, чаҳор ҳавопаймои таълимӣ ва 20 чархбол мавҷуд аст.
Аз сабаби набудани роҳи мустақим ба баҳр, ҷумҳурӣ флоти баҳрӣ надорад.
Дар Осиёи Марказӣ қавитарин артиш аз Ӯзбекистон унвон шудааст, ки дар зинаи 53 нишаста, Қазоқистон дар мақоми 58, Туркманистон 78, ва Қирғизистон дар зинаи 109 нишастаанд.
Мувофиқи радабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд.
Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Ҷопон, Бритониёи Кабир, Туркия ва Италия дохил шуданд. Дар радабандӣ 45 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд. Гузоришгарон, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифтаанд.
Қайд мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он қудрати онҳо низ ҳисоб шудаанд.
Ҳамчунин дар тартиб додани радабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои воситаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.