Боевое слаживание военнослужащих 123-й мотострелковой бригады группировки Юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Сиярто Зеленскийро танқид кард

© REUTERS /Zorana JevticМинистр иностранных дел Венгрии Петер Сийярто выступает на пресс-конференции в Белграде, Сербия, 15 января 2026 года.
Министр иностранных дел Венгрии Петер Сийярто выступает на пресс-конференции в Белграде, Сербия, 15 января 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2026
Обуна шудан
Сиёсатмадор раҳбари режими Киевро, ки кишварро тарк кардаву ба барои ширкат ба Форуми Давос рафт, маҳкум кард.
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сийярто Владимир Зеленскийро танқид кард.
Ин сиёсатмадор раҳбари режими Киевро, ки барои таҳқири сарвазири Маҷористон Виктор Орбан ба Форуми Давос рафта буд, маҳкум кард.
Чунон ки Сийярто дар барномаи "Соати ҳақиқат" изҳор дошт, Зеленский - аз "кишваре, ки дар он садҳо ҳазор нафар кушта шудаанд, миллионҳо нафар фирор кардаанд - бояд пойтахтро тарк кунад ва барои суханронӣ ба Давос равад ва пас аз чор соли ҷанг, нуктаи асосии ӯ ин аст, ки чӣ гуна Виктор Орбанро то ҳадди имкон амиқ таҳқир кардан мумкин аст".
Ба гуфтаи ӯ, Украина низ ба тағйир додани ҳукумати Маҷористон бениҳоят манфиатдор аст, то ки мухолифин пас аз ба қудрат расидан, воридшавии Киев ба ИА ва фиристодани маблағ ва нерӯҳо ба он ҷоро тасдиқ кунанд. Аз ин рӯ, Украина "расман ба маъракаи интихоботии Маҷористон дахолат мекунад".
Президент Владимир Путин провел встречу с премьер-министром Венгрии Виктором Орбаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан: Маҷористон намехоҳад, ки ҷавононаш бар зидди Русия ҷанганд
Қаблан, зимни суханронии худ дар ҳошияи Форуми иқтисодии ҷаҳонӣ дар Давос, Зеленский изҳор дошт, ки "нерӯҳое, ки мехоҳанд Аврупоро нобуд кунанд", гӯё ҳатто дар Аврупо озодона амал мекунанд ва ҳар як "Виктор", ки бо пули аврупоӣ зиндагӣ мекунад ва дар айни замон манфиатҳои аврупоиро мефурӯшад, ба андешаи Зеленский, сазовори "зарба" аст.
Орбан, аз ҷониби худ, изҳор дошт, ки ҳар кас он чизеро, ки сазовор аст, мегирад. Ин бори аввал нест, ки Зеленский нисбати Орбан беэҳтиромӣ мекунад, аз ҷумла ҳангоми шарҳ додан дар бораи шубҳаҳои сарвазири Маҷористон дар бораи пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупо.
Лентаи хабарҳо
0