https://sputnik.tj/20260126/narishkin-gharb-istifoda-oreshnik-ogohi-qabul-1074798244.html
Наришкин: Ғарб истифодаи "Орешник"-ро ҳамчун огоҳӣ қабул кард
Наришкин: Ғарб истифодаи "Орешник"-ро ҳамчун огоҳӣ қабул кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбарони Ғарб аз ҳамлаи мушакии "Орешник"-и Русия ба як иншооти низомӣ дар вилояти Лвов дар Украина дар аввали моҳи январ ба ҳайрат афтоданд, гуфт Наришкин
2026-01-26T14:11+0500
2026-01-26T14:11+0500
2026-01-26T14:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
амалиёти вижа
мушак
сергей наришкин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/16/1067081302_0:94:3103:1839_1920x0_80_0_0_a8111cd2dc1f27ed52d346ccd9b22ff0.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв - Sputnik. Ғарб истифодаи низоми мушакии баллистикии "Орешник"-ро аз ҷониби Русия ҳамчун огоҳӣ дар бобати ҷойгиркунии воҳидҳои низомии НАТО дар Украина пас аз низоъ қабул кард.Дар ин бора Сергей Наришкин, директори Хадамоти иктишофии хориҷии Русия, дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳор дошт.Қаблан, Наришкин дар мусоҳиба бо оҷонсӣ изҳор дошт, ки пас аз истифодаи низоми мушакии "Орешник" аз ҷониби Русия ҳангоми зарба ба як иншооти низомӣ дар вилояти Лвов, коршиносон ва мутахассисони низомии ғарбӣ эътироф карданд, ки онҳо воситаҳои низомӣ-техникӣ барои нобуд кардани “Орешник” надоранд. Қаблан Вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки шаби 9 январ Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия бо истифода аз низоми сайёри мушакии "Орешник", корхонаи давлатии таъмири ҳавопаймоҳои Лвовро, ки хизматрасонии ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ва MiG-29, ки аз ҷониби Ғарб ба Киев тӯҳфа шуда буданд, анҷом медод нобуд кард.Инчунин паҳподҳои ҳуҷумӣ, ки дар ҳамлаҳо ба ҳадафҳои шаҳрвандии Русия истифода мешуданд, дар ин макон истеҳсол мешуд, аз кор баровард.
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/16/1067081302_72:0:2801:2047_1920x0_80_0_0_649b2945eb47bdbfa2c3fd91b6810b31.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
наришкин ғарб истифода "орешник" огоҳӣ қабул
наришкин ғарб истифода "орешник" огоҳӣ қабул
Наришкин: Ғарб истифодаи "Орешник"-ро ҳамчун огоҳӣ қабул кард
Раҳбарони Ғарб аз ҳамлаи мушакии "Орешник"-и Русия ба як иншооти низомӣ дар вилояти Лвов дар Украина дар аввали моҳи январ ба ҳайрат афтоданд, гуфт Наришкин
ДУШАНБЕ, 26 янв - Sputnik. Ғарб истифодаи низоми мушакии баллистикии "Орешник"-ро аз ҷониби Русия ҳамчун огоҳӣ дар бобати ҷойгиркунии воҳидҳои низомии НАТО дар Украина пас аз низоъ қабул кард.
Дар ин бора Сергей Наришкин, директори Хадамоти иктишофии хориҷии Русия, дар мусоҳиба бо РИА "Новости" изҳор дошт.
Қаблан, Наришкин дар мусоҳиба бо оҷонсӣ изҳор дошт, ки пас аз истифодаи низоми мушакии "Орешник" аз ҷониби Русия ҳангоми зарба ба як иншооти низомӣ дар вилояти Лвов, коршиносон ва мутахассисони низомии ғарбӣ эътироф карданд, ки онҳо воситаҳои низомӣ-техникӣ барои нобуд кардани “Орешник” надоранд.
"Онҳо инро, албатта, ҳамчун огоҳӣ ва эҳтиёт аз иштироки мустақими сохторҳо ва воҳидҳои низомии кишварҳои узви НАТО дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина ва ҷойгиркунии воҳидҳои низомӣ дар қаламрави таҳти назорати Украина пас аз анҷоми низоъ қабул карданд", - гуфт Наришкин.
Қаблан Вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки шаби 9 январ Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия бо истифода аз низоми сайёри мушакии "Орешник", корхонаи давлатии таъмири ҳавопаймоҳои Лвовро, ки хизматрасонии ҳавопаймоҳои ҷангии F-16 ва MiG-29, ки аз ҷониби Ғарб ба Киев тӯҳфа шуда буданд, анҷом медод нобуд кард.
Инчунин паҳподҳои ҳуҷумӣ, ки дар ҳамлаҳо ба ҳадафҳои шаҳрвандии Русия истифода мешуданд, дар ин макон истеҳсол мешуд, аз кор баровард.