Мақомоти Тоҷикистон барои кушодани тиҷорат ба занону ҷавонон кумаки молиявӣ кард

© Foto / Пресс-служба администрации Согдийской областиВыставка сельскохозяйственной, промышленной продукции, народных ремесел и национальной кухни республики Таджикистан в Астане, Казахстан
Выставка сельскохозяйственной, промышленной продукции, народных ремесел и национальной кухни республики Таджикистан в Астане, Казахстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2026
Обуна шудан
Барои эҳёву рушди намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба 728 нафар шаҳрвандон ба андозаи 3 млн сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардидааст
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба 2,2 ҳазор бекор кумаки молиявӣ кардаанд, ки тиҷорати худро кушоянд.
Ба онҳое, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, ба андозаи қариб 9 млн сомонӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони бекор бо истифода аз он ба фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ машғул гардиданд.
"Ҷиҳати дастгирии занон ва ҷавонон дар самти рушди соҳибкории хурду миёна, ба 1252 занон ба маблағи 4,7 млн сомонӣ, ба 417 ҷавонон ба маблағи 1,7 млн сомонӣ ҷудо гардид", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, барои эҳёву рушди намудҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба 728 нафар шаҳрвандон ба андозаи 3 млн сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардидааст.
Вазорат мегӯяд, шаҳрвандони аз дарёфти маблағи мазкур асосан ба дӯхтани либосҳо ва эҳёи нақшу нигори миллӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, истеҳсоли маснуот аз чӯб, кулолгарӣ, заргарӣ, чакандӯзӣ, пухтани маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои миллӣ машғул гардиданд.
Производство хлопкового и подсолнечного масла в Бальджуванском районе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2026
Дар Тоҷикистон наздики 73 ҳаз. бекор соҳиби ҷойи кор шуд
Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон 280 ҳазор ҷойҳои нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда фароҳам оварда шудааст.
Аз ин 73,6 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ, 49,1 ҳазор ҷойҳои корӣ муваққатӣ ва 152,2 ҳазор ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд, иттилоъ дод Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Дар ин ҷода татбиқи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023-2027 дар соли 2025 дар сатҳи 113,4% таъмин гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0