Тағйироти кадрӣ дар бошгоҳи "Хуҷанд": мудири нав кист?

© Foto / ФК ХуджандФуркат Абдуллозода назначен исполнительным директором ФК "Худжанд"
Фуркат Абдуллозода назначен исполнительным директором ФК Худжанд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2026
Обуна шудан
Таъйиноти нав ба таҳкими сохтори идоракунии бошгоҳи "Хуҷанд" ва рушди минбаъдаи фаъолияти он мутобиқ ба ҳадафҳои стратегӣ равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар сохтори идоракунии бошгоҳи "Хуҷанд" тағйироти кадрӣ амалӣ шуд.
Бо қарори раиси вилояти Суғд ва ҳамзамон пезиденти Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода, мудири иҷроияи дастаи "Хуҷанд" таъйин гардид.
Ба ин вазифа - Фурқат Абдуллозода сазовор дониста шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии бошгоҳ.
"Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба вазифаи директори иҷроияи Клуби футболи "Хуҷанд" Абдуллозода Фурқат Рустамович таъйин карда шуд", - омадааст дар хабарнома. Пештар иҷокунандаи ин вазифа Фаррух Марофиев буд.
Гуфта мешавад, ки таъйиноти нав ба таҳкими сохтори идоракунии бошгоҳи "Хуҷанд" ва рушди минбаъдаи фаъолияти он мутобиқ ба ҳадафҳои стратегӣ равона гардидааст.

Фарух Абдуллозода кист?

Фурқат Абдуллозода 6 августи соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Дорои маълумоти олӣ буда, соли 1995 Донишгоҳи технологии шаҳри Воронежи Русияро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 1995 дар Бонки "Эсхата" оғоз намуда, то соли 2000 ба ҳайси иқтисодчӣ фаъолият кардааст.
Солҳои 2000–2012 вазифаи муовини раиси ҶДММ "ЗОДА"-ро ишғол намудааст. Аз соли 2012 то имрӯз раиси кулли ҶДММ "ЗОДА" мебошад.
Таджикский дзюдоист Эмомали Нурали - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2025
Панҷ дастоварди беҳтарини варзишии Тоҷикистон дар соли 2025
Ҳамчунин солҳои 2011–2015 узви Шӯрои директорони Бонки "Эсхата" будааст.
Дастаи "Хуҷанд" дар Лигаи олии Чемпионати футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад ва яке аз иштирокчиёни доимӣ ва намояндаи шаҳри Хуҷанд дар баробари бошгоҳи "Эсхата" мебошад.
Феълан дастаи "Хуҷанд"дар Лигаи олии кишвар дар мақоми панҷум қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0