Боевое слаживание военнослужащих 123-й мотострелковой бригады группировки Юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар музокироти Украина масъалаи дороиҳои Русия баррасӣ хоҳад шуд

© REUTERS Denis BalibouseПремьер-министр Бельгии Барт де Вевер
Премьер-министр Бельгии Барт де Вевер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2026
Обуна шудан
Сарвазири Белгия гуфт, ки дар музокироти Украина масъалаи дороиҳои Русия баррасӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар Давос масъалаи дороиҳои Русия дар музокироти сулҳи Украина ба миён гузошта мешавад.
Дар ин бора, сарвазири Белгия Барт де Вевер гуфтааст.
"Вақте, ки созишномаи сулҳ ба даст меояд, дороиҳо дар мизи музокирот хоҳанд буд", - гуфт ӯ.
Ин дар щолест, ки Владимир Путин рӯзи панҷшанбе бо Уиткофф ва домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер музокирот хоҳад кард.
Онҳо барои идомаи муколама дар бораи ҳалли масъала ба Маскав сафар мекунанд. Тавре ки қаблан Bloomberg хабар дода буд, ҳайати Амрико мехоҳад кафолатҳои амниятиро барои Киев баррасӣ кунад ва лоиҳаҳои нақшаҳои хотима додан ба низоъро пешниҳод кунад.
Уиткофф ва Кушнер бори охир бо Путин дар Кремл аввали моҳи декабр мулоқот карданд. Ҷонибҳо моҳияти ташаббуси сулҳи ИМА барои Украинаро баррасӣ карданд, аммо натавонистанд созиш пайдо кунанд.
Специальный посланник США Стив Виткофф и американский бизнесмен Джаред Кушнер на Всемирном экономическом форуме (ВЭФ) в Давосе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Уиткофф дар бораи дурнамои хотимаи низоъ дар Украина гуфт
Ба қавли президент, Вашингтон 27 банди нақшаи аввалияро ба чор баста тақсим кард ва пешниҳод кард, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0