Боевое слаживание военнослужащих 123-й мотострелковой бригады группировки Юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО: Трамп аз мулоқот бо Зеленский дар Давос худдорӣ мекунад

© AP / Evan VucciПрезидент Дональд Трамп встречается с Владимиром Зеленским во время Генеральной Ассамблеи ООН. Архивное фото
Президент Дональд Трамп встречается с Владимиром Зеленским во время Генеральной Ассамблеи ООН. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2026
Обуна шудан
Нашрияи Politico менависад, ки раисҷумҳури Амрико аз мулоқот бо Зеленский дар ҳошияи форуми Давос худдорӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп аз дидор бо Владимир Зеленский дар ҳошияи форуми Давос худдорӣ хоҳад кард, хабар медиҳад Politico дар истинод ба манбаъҳояш.
"Ба гуфтаи як коршинос дар умури сиёсӣ, Зеленский ба мулоқоти рӯ ба рӯ сахт ниёз дорад, аммо Кохи Сафед онро қатъиян намехоҳад", - гуфта мешавад дар мақола.
Раҳбари режими Киев бар он бовар аст, ки манфиатҳои муошират бо Трамп аз хароҷоти эҳтимолӣ зиёдтаранд. Агар ӯ бо раҳбари Амрико муошират накунад, дигарон хоҳанд кард, қайд мешавад дар мақола.
Пас аз мулоқоти охиринаш бо президенти ИМА дар охири моҳи декабр, Зеленский иддао кард, ки ду тараф дар бораи кафолатҳои амниятӣ барои Украина пурра ба мувофиқа расидаанд.
Дар ҳамин ҳол, Трамп ба наздикӣ изҳор дошт, ки Русия омода аст созишномаи сулҳро ба имзо расонад, дар ҳоле ки раҳбари режими Киев иқдомҳои худро тӯл медиҳад.
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.01.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
ВАО: ИА аз хашми Трамп барои кафолатҳои Украина метарсад

Баррасии нақшаи сулҳи ИМА

Дар аввали моҳи декабр Владимир Путин як ҳайати амрикоиро дар Кремл қабул кард. Ҷонибҳо моҳияти ташаббуси пешниҳодкардаи ИМА-ро баррасӣ карданд, аммо натавонистанд созиш пайдо кунанд. Ба гуфтаи президент, Вашингтон 27 банди нақшаи аввалияро ба чор баста тақсим кард ва пешниҳод кард, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд.
Чанд рӯз пас, дар Берлин мулоқоти намояндагони ИМА ва Украина баргузор шуд, ки мундариҷаи он тавассути Кирилл Дмитриев ба Русия расонида шуд.
Дар охири моҳи декабр Трамп бо Зеленский дар Флорида гуфтушунид кард. Раиси Кохи Сафед гуфт, ки ду тараф дар 95 фоизи масъалаҳо ба тавофуқ расидаанд. Сипас ӯ бо Путин сӯҳбат кард, ки аз кӯшиши ҳамлаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина ба қароргоҳи ӯ хабар дод. Маскав баъдан аз таҷдиди назари мавқеи худ дар музокирот хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0