Боевое слаживание военнослужащих 123-й мотострелковой бригады группировки Юг - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Лавров: Украина айни замон дар вазъияти ногувор қарор дорад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция министра иностранных дел России Сергея Лаврова
Пресс-конференция министра иностранных дел России Сергея Лаврова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2026
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Русия зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки Украина ҳам дар хатти ҷабҳа ва ҳам дар сиёсат дар вазъияти хеле бад қарор дорад
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки Украина айни замон дар хатти ҷабҳа ва ҳам дар сиёсат дар вазъияти хеле бад қарор гирифтааст.
"Равшан аст, ки ҷониби Украина дар хатти ҷабҳа дар вазъияти хеле бад қарор дорад. Ва на танҳо дар хатти ҷабҳа - дар сиёсат, дар ҳаёти сиёсии Киев, моҷароҳои коррупсионӣ бисёр равандҳои дигарро ноаён сохтаанд", - гуфт ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар бораи ҷамъбасти фаъолияти дипломатии Русия дар соли 2025.
Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотиаш изҳор дошт, ки пешниҳодҳо барои созиш дар Украина, ки ҳадафи онҳо ҳифзи режими Киев аст, барои Русия комилан қобили қабул нестанд.
"Пешниҳодҳо барои созиш, ки ба ҳадафи нигоҳ доштани режими фашистӣ дар Украина асос ёфтаанд ва албатта комилан қобили қабул нестанд", - гуфт ӯ зимни нишасти матбуотие, ки дар он фаъолияти дипломатии Русия дар соли 2025 ҷамъбаст гардид.

Баррасии Нақшаи сулҳи ИМА

Аввоили моҳи декабр, раҳбари Русия Уиткофф ва Кушнерро дар Кремл қабул кард. Тарафҳо моҳияти ташаббуси пешниҳодкардаи Иёлоти Муттаҳидаро баррасӣ карданд, аммо натавонистанд ба созиш бирасанд.
Пресс-конференция министра иностранных дел России Сергея Лаврова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров аҳамияти Қримро барои Русия бо аҳамияти Гренландия барои ИМА муқоиса кард
Ба гуфтаи президент, Вашингтон 27 банди нақшаи аввалияро ба чор баста тақсим кард ва пешниҳод кард, ки онҳоро алоҳида баррасӣ кунанд. Чанд рӯз пас, дар Берлин мулоқоти намояндагони ИМА ва Украина баргузор шуд. Хабар дода шуд, ки пас аз мулоқот кишварҳои Ғарб розӣ шуданд, ки кафолатҳои амниятиро монанд ба моддаи 5-уми Оинномаи НАТО пешниҳод кунанд.
Охири моҳи декабр, Трамп бо Зеленский дар Флорида гуфтушунид кард. Пас аз гуфтушунидҳо, раиси Кохи Сафед гуфт, ки ду тараф дар 95%-и масъалаҳо ба созиш расиданд.
Сипас, президенти Амрико бо ҳамтои руси худ сӯҳбати телефонӣ анҷом дод, ки дар он Путин аз кӯшиши Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина барои ҳамла ба қароргоҳи ӯ хабар дод. Ба гуфтаи ёвари президент Юрий Ушаков, дар ин сӯҳбат раиси Кохи Сафед тағйири равиши худро ба кор бо Зеленский эътироф кард.
Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров шарҳ дод, ки Маскав пас аз амалҳои Киев мавқеи музокиротии худро аз нав дида мебарояд.
Лентаи хабарҳо
0