https://sputnik.tj/20260120/eron-shariki-tijorii-aslii-tojikiston-1074645535.html
Эрон яке шарики тиҷории аслии Тоҷикистон шуд
Эрон яке шарики тиҷории аслии Тоҷикистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи натиҷаҳои соли 2025, Эрон ба рӯйхати панҷ шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шудааст
2026-01-20T09:36+0500
2026-01-20T09:36+0500
2026-01-20T09:36+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
тиҷорат
иқтисод
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/13/1074647048_0:373:2977:2048_1920x0_80_0_0_798dc9526ee9fabb09b985e326864a28.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Ҳаҷми гардиши мол байни Эрону Тоҷикистон соли гузашта ба таври назаррас афзоиш ёфта, аз 377,7 миллион доллар дар соли 2024 ба 483,9 миллион доллар расид, ки ин афзоиш 28% ё 106,2 миллион долларро ташкил додааст.Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, содироти Тоҷикистон ба Эрон дар соли 2025 ба 112,8 миллион доллар расид, дар ҳоле ки воридот аз Эрон ба 371,2 миллион долларро ташкил додааст.Ин тафовут боиси тавозуни манфии тиҷоратӣ ба 258,4 миллион доллар гардид.Аз тарафи дигар, содироти молҳо ва маҳсулоти ғайриэнергетикӣ аз Эрон ба Тоҷикистон дар соли 2025 беш аз 30% афзоиш ёфт.Тоҷикистон асосан маҳсулоти нафтӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғизоиро аз Эрон ворид мекунад.Воридоти маҳсулоти ғизоӣ низ дар сохтори воридоти Тоҷикистон мавқеи намоёнро ишғол мекунад.Масалан, воридоти шакари сафед тақрибан 3,3 миллион доллар арзёбӣ мешавад.Дигар маҳсулоти муҳими воридотӣ меваҳо ба монанди афлесунҳои тару тоза, ки арзиши онҳо тақрибан 2,6 миллион доллар аст ва киви, ки арзиши онҳо беш аз 2 миллион доллар аст, мебошанд.Қири нафтӣ, ки дар сохтмон ва роҳсозӣ истифода мешавад, низ ба Тоҷикистон бо арзиши тақрибан 2,5 миллион доллар ворид карда шудааст.Тоҷикистон ба Эрон асосан ашёи хом содирот кардааст.Ҷумҳурӣ ба Эрон ба маблағи беш аз 74 миллион доллар нахи пахта содирот кардааст ва содироти ин маҳсулот қисми зиёди ин тиҷоратро ташкил медиҳад.Ҳамчунин Тоҷикистон ба Эрон ришта ба маблағи беш аз 480 ҳазор доллар ва алюминий, ба маблағи тақрибан 95 ҳазор доллар содирот кардааст.Дар маҷмӯъ, ин маълумот густариши муносибатҳои тиҷорӣ байни Эрону Тоҷикистон ва афзоиши назарраси мубодилаи иқтисодиро дар солҳои охир нишон медиҳад.
https://sputnik.tj/20260114/tojikiston-eron-ravodid-ronandagon-bekor-1074514078.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/01/13/1074647048_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_e771f5251b0c3fe3d3735f492cfda740.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод, равобит, тиҷорат, шарики аслӣ, тиҷорат
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иқтисод, равобит, тиҷорат, шарики аслӣ, тиҷорат
Эрон яке шарики тиҷории аслии Тоҷикистон шуд
Тибқи натиҷаҳои соли 2025, Эрон ба рӯйхати панҷ шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шудааст
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Ҳаҷми гардиши мол байни Эрону Тоҷикистон соли гузашта ба таври назаррас афзоиш ёфта, аз 377,7 миллион доллар дар соли 2024 ба 483,9 миллион доллар расид, ки ин афзоиш 28% ё 106,2 миллион долларро ташкил додааст.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, содироти Тоҷикистон ба Эрон дар соли 2025 ба 112,8 миллион доллар расид, дар ҳоле ки воридот аз Эрон ба 371,2 миллион долларро ташкил додааст.
Ин тафовут боиси тавозуни манфии тиҷоратӣ ба 258,4 миллион доллар гардид.
Аз тарафи дигар, содироти молҳо ва маҳсулоти ғайриэнергетикӣ аз Эрон ба Тоҷикистон дар соли 2025 беш аз 30% афзоиш ёфт.
Тоҷикистон асосан маҳсулоти нафтӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ғизоиро аз Эрон ворид мекунад.
Воридоти маҳсулоти ғизоӣ низ дар сохтори воридоти Тоҷикистон мавқеи намоёнро ишғол мекунад.
Масалан, воридоти шакари сафед тақрибан 3,3 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Дигар маҳсулоти муҳими воридотӣ меваҳо ба монанди афлесунҳои тару тоза, ки арзиши онҳо тақрибан 2,6 миллион доллар аст ва киви, ки арзиши онҳо беш аз 2 миллион доллар аст, мебошанд.
Қири нафтӣ, ки дар сохтмон ва роҳсозӣ истифода мешавад, низ ба Тоҷикистон бо арзиши тақрибан 2,5 миллион доллар ворид карда шудааст.
Тоҷикистон ба Эрон асосан ашёи хом содирот кардааст.
Ҷумҳурӣ ба Эрон ба маблағи беш аз 74 миллион доллар нахи пахта содирот кардааст ва содироти ин маҳсулот қисми зиёди ин тиҷоратро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин Тоҷикистон ба Эрон ришта ба маблағи беш аз 480 ҳазор доллар ва алюминий, ба маблағи тақрибан 95 ҳазор доллар содирот кардааст.
Дар маҷмӯъ, ин маълумот густариши муносибатҳои тиҷорӣ байни Эрону Тоҷикистон ва афзоиши назарраси мубодилаи иқтисодиро дар солҳои охир нишон медиҳад.