Лебедев: Созмони нави забони русӣ омили дигари муттаҳидкунадаи ИДМ мешавад

© Foto / Исполнительный комитет СНГГенеральный секретарь СНГ Сергей Лебедев
Генеральный секретарь СНГ Сергей Лебедев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2026
Обуна шудан
Дабири кулли ИДМ мегӯяд, ки Созмони байналмилалии забони русӣ ба тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узви ИДМ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Созмони байналмилалии забони русӣ, ки таъсис меёбад, ба омили иловагии муттаҳидкунандаи кишварҳои Иттиҳод табдил хоҳад ёфт.
Дар ин бора дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев дар мусоҳиба бо РИА Новости хабар дод.
Намояндагони кишварҳои муассис - Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон - айни замон масъалаҳои ташкилӣ ва техникиро баррасӣ доранд.
"Мо интизорем, ки таъсиси ин созмон ба як самти муттаҳидкунандаи ҳамкорӣ дар дохили Иттиҳод барои баланд бардоштани мақоми забони русӣ, инчунин тақвияти дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардумони кишварҳои мо табдил хоҳад ёфт", - гуфт Лебедев.
Қароргоҳи созмони нав, тавре ки қаблан президенти Русия Владимир Путин пешниҳод карда буд, дар Сочи ҷойгир хоҳад шуд. Дабири кулли ИДМ қайд кард, ки сарфи назар аз мақоми забони русӣ ҳамчун забони корӣ дар Иттиҳод, сохтори нав мустақил хоҳад буд. То ташкили котиботи худи он, вазифаҳои техникиро Вазорати корҳои хориҷии Русия иҷро мекунад.
Генсек СНГ Сергей Лебедев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2026
Лебедев: Ҳамгироии низомӣ дар ИДМ дар ҳама самтҳо тақвият меёбад
Мақоми олии созмон Конфронси вазирон хоҳад буд, ки аз роҳбарони ниҳодҳои дахлдори кишварҳои иштирокчӣ иборат мебошад. Мақоми кории доимӣ Котибот хоҳад буд, ки онро Дабири кулл роҳбарӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки ташаббуси таъсиси ин созмон ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев тааллуқ дорад. Шартномаи таъсис аз ҷониби сарони давлатҳо моҳи октябри соли 2023 дар Бишкек имзо шудааст.
Тавре қаблан мақомоти Русия гуфта буд, созмони нав танҳо ба ИДМ маҳдуд намешавад ва барои узвияти дигар кишварҳои манфиатдор боз хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0