https://sputnik.tj/20260118/rohi-danghara-guliston-tamir-1074607688.html
Чорқатора ва бо пайраҳаҳои вижа: роҳи Данғара - Гулистон бо тарҳи ҷадид сохта мешавад
Чорқатора ва бо пайраҳаҳои вижа: роҳи Данғара - Гулистон бо тарҳи ҷадид сохта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳи дуқатораи мавҷуда то чор қатор васеъ гардида, ба он пайраҳаи велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбон илова карда мешаванд
2026-01-18T12:32+0500
2026-01-18T12:32+0500
2026-01-18T12:32+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
таъмири роҳ
мумфаршкунии роҳ
хатлон
данғара
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/14/1073120540_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_6675e2f803fea27692a88dabf05d7003.jpg
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои нахустин бор тарҳи ҷадиди роҳсозии "роҳҳои сабз" амалӣ мешавад.Ин тарҳ, ки сохтани пайраҳаҳои велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбонро дар назар дорад, айни замон дар роҳи мошингарди Данғара – Гулистон (50 км) амалӣ шуда истодааст.Ҳамин тавр, роҳи Данғара - Гулистон аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон хоҳад буд, ки унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тарҳи махсусро дар бар мегирад.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазортаи нақлиёт, дар шоҳроҳ равшанӣ беҳтар гашта, гузаргоҳҳои бехатар ва хуб аломатгузоришуда бунёд мегарданд.Ҳамчунин, дар канори роҳ ҳоҷатхонаҳо ва барои модарони дорои кӯдакони хурдсол хонаҳои ҷудогона сохта мешаванд.Чунин роҳҳо тибқи дастури Бонки осиёии рушд (БОР) ҷиҳати бунёди "роҳҳои сабз", ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии роҳҳо ва Metameta Research (Нидерландия) таҳия гардидааст, сохта мешаванд.Роҳи Данғара – Гулистон солҳои 1930 сохта, солҳои 1970 таҷдид шудааст.Феълан дар Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 млрд сомонӣ идома дорад. Ҳоло бунёди 33 км роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 км роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 млрд сомонӣ идома дорад.
https://sputnik.tj/20260114/vazorati-naqliyot-rohi-ayni-mastchoh-tamir-1074530062.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/14/1073120540_112:0:1927:1361_1920x0_80_0_0_4f6b69bccc1ad711f41f08e782b21b0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
данғара - гулистон, роҳҳои сабз
данғара - гулистон, роҳҳои сабз
Чорқатора ва бо пайраҳаҳои вижа: роҳи Данғара - Гулистон бо тарҳи ҷадид сохта мешавад
Роҳи дуқатораи мавҷуда то чор қатор васеъ гардида, ба он пайраҳаи велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбон илова карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон барои нахустин бор тарҳи ҷадиди роҳсозии "роҳҳои сабз" амалӣ мешавад.
Ин тарҳ, ки сохтани пайраҳаҳои велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбонро дар назар дорад, айни замон дар роҳи мошингарди Данғара – Гулистон (50 км) амалӣ шуда истодааст.
Ҳамин тавр, роҳи Данғара - Гулистон аввалин роҳи мошингарди Тоҷикистон хоҳад буд, ки унсурҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тарҳи махсусро дар бар мегирад.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Вазортаи нақлиёт, дар шоҳроҳ равшанӣ беҳтар гашта, гузаргоҳҳои бехатар ва хуб аломатгузоришуда бунёд мегарданд.
"Роҳи дуқатораи мавҷуда то чор қатор васеъ гардида, ба он пайраҳаи велосипедронӣ ва роҳравҳо барои занони кӯдакдор ва маъюбон илова карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, дар канори роҳ ҳоҷатхонаҳо ва барои модарони дорои кӯдакони хурдсол хонаҳои ҷудогона сохта мешаванд.
Чунин роҳҳо тибқи дастури Бонки осиёии рушд (БОР) ҷиҳати бунёди "роҳҳои сабз", ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии роҳҳо ва Metameta Research (Нидерландия) таҳия гардидааст, сохта мешаванд.
Роҳи Данғара – Гулистон солҳои 1930 сохта, солҳои 1970 таҷдид шудааст.
Феълан дар Тоҷикистон татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11,3 млрд сомонӣ идома дорад.
Ҳоло бунёди 33 км роҳи Гулистон – Фархор ва боз 12 км роҳҳои байналмилалӣ дар вилояти Суғд ба маблағи умумии 2 млрд сомонӣ идома дорад.